“Шоми ҷавонӣ” бо ҷавонон

Дар саҳни Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ҷавонони ҷамоати шаҳраки Шайдон “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.

Бино ба гуфти роҳбари хадамоти иттилоотии МИҲД-и ноҳияи Ашт Саодат Исмоилӣ ҷавонон дар даст Парчами давлатӣ ва нишону овезаҳои гуногунро гирифта, бо шоирҳои “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон”, “Пайравони Пешвои миллатем”, ва “Ҷавонон ояндаи миллат” то назди бинои театр раҳпаймоӣ намуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ”, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, беҳтарин ҳунармандони ноҳия ҳунарнамоӣ карданд. Дар “Шоми ҷавонӣ” ҷавонон, рақсу сурудхонӣ ва намудҳои гуногуни машҳқои варзиширо ба ҳозирин нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Шоми ҷавонӣ”  дар ҷамоатҳои Меҳробод, Шодоба, Пунук, Понғоз, Ашт, Ошбода ва Ифтихор низ дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.

                                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *