Шоми фарҳангии тоҷик дар Боку

Бо ташаббуси СафоратиҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷамъомади фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  додаанд, зимни баргузории барномаи фарҳангӣ зиёда аз дусад нафар меҳмонон ҳузур доштанд. Аз ҷумла, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифи кишвари иқомат, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва аъзои гурӯҳи дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон, соҳибкорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Ҷамъомади мазкур ба дастгирии рушди ҳунарҳо ва ҳунармандони миллӣ, ки  тайи садсолаҳо дар самти истеҳсоли матоъ, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолин, нақшу нигори заргарӣ ва ғайра фаъолият намудаанд ва то имрӯз он анъанаҳои аҷдодии гузаштагони хешро идома медиҳанд, бахшида шуда буд.

Дар доираи ҷамъомад либосҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили атлас, адрас, чакан, гулдӯзӣ, сӯзанӣ, кундал, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, суруду оҳангҳои гуногунжанр ва маъруфу машҳури тоҷикӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *