Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Владимир Жириновский

«Мо Шуморо, Владимир Волфович, ҳамчун шарқшиноси боистеъдод, сиёсатмадори маъруф, донандаи хуби мушкилоти сиёсати давлатӣ ва ҳамчун роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Россия /ҲЛДР/ дар Думаи давлатии Федератсияи Россия, шахсияти донандаи нозукиҳои сиёсати хориҷӣ дар ҷаҳони муосир, вазъияти Шарқи Наздик ва Ховари Миёна хуб мешиносем»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни мулоқот бо  муовини Раиси Думаи давлатӣ, роҳбари фраксияи ҲЛДР Россия Владимир Жириновскиӣ.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳамкории байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон таърихи бисёрсола дошта, аз оғози ба роҳ мондани ҳамкории дипломатӣ байни кишварҳоямон дар соли 1992 сарчашма мегирад.

Имрӯз дар Парлумоти касбии Тоҷикистон намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, ҳайатҳои парлумонии Россия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ  робитаҳои устувор ва фаъол дошта, ҳамчун шарикони стратегӣ ҳамеша якдигарро дастгирӣ менамоянд.

Инчунин  аз соли 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 250 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Ҷонибҳо ҳамоҳангии зичи мусоидат оид ба амалӣ шудани бандҳои санадҳои имзошуда ва иҷрои онҳоро таъмин мекунанд.

Ш.Зуҳуров иброз намуд, ки  «мутаассифона, баъзе аз бандҳои ин санадҳо то имрӯз дар рӯи коғаз мондаанд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ин асноди байнидавлатӣ дубора фаъол карда шуда, ба онҳо неруи ҳаётӣ дода шавад, зеро онҳо бидуни шак барои тақвияти дӯстӣ ва ҳамкории боэътимод байни кишвар ва мардумони мо мусоидат мекунанд. Дар соҳаи ҳамкори тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳои мо соҳаи энергетика мавқеи муҳим ишғол менамояд. Рӯзи 16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори агрегати якуми  Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳусни ифтитоҳ мебахшанд. Федератсияи Россия метавонад дар оянда дар коркард ва амалишавии лоиҳаҳои дарозмуддати сохтмони неругоҳҳои  барқӣ дар Тоҷикистон ширкати фаъолона дошта бошад».

Зикр гардид, ки имкониятҳои бузурги ҳанӯз истифоданашуда дар ҳамкории байни Тоҷикистон ва Россия дар бахши иқтисод, хусусан дар заминаи тиҷорат вуҷуд доранд. Тавре  маълум аст, Тоҷикистон кишвари офтобист. Ин иқлим барои рушди соҳаҳои боғдорӣ, зироаткорӣ, парвариши зироати барвақтии решадор мусоид мебошад. Ба роҳ мондани равобит дар ин замина барои мо имконияти васеъ кардани масоҳати заминҳоро барои истеҳсоли чунин маҳсулот бо мақсади таъмин намудани бозорҳои Федератсияи Россия фароҳам меорад.

“Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Россия мо ба соҳаи маориф аҳамияти бештар равона мекунем, зеро ба андешаи мо маҳз ин соҳа  маҷмӯи арзишҳои равобити моро ташкил медиҳад. Мисоли равшани ин таваҷҷуҳ густариши омӯзиши забони русӣ дар кишвари мо ба шумор меравад”,- афзуд Ш. Зуҳуров.

Дар Тоҷикистон забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ ҳамчун забони корӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва илмиву амалӣ истифода мешавад. Соли равон  50 омӯзгор аз Россия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар ба кор ҷалб шуданд. Инчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва  Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ ва технологияи пӯлод ва алюминий   фаъолият дошта, барои Россия ва Тоҷикистон мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун омода месозанд.

«Мушкилоти асосии дорои хусусияти иҷтимоӣ, ки дар маркази равобити байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қарор дорад, ин бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони мо ва аъзои оилаи онҳо дар Федератсияи Россия мебошад. Мо боварӣ дорем, ки ин масъалаҳо ба таври мусбат ҳалли худро пайдо мекунанд ва сафари ҳайати шумо ба он мусоидат хоҳад кард.        Мо боварӣ дорем, ки ин мулоқот барои густариши ҳамкории минбаъдаи байнипарлумонӣ ва манофеи стратегии кишварҳои мо кумак мекунад»,- гуфт Ш. Зуҳуров.

Раиси фраксияи Ҳизби Либерал-Демократии Россия дар Думаи давлатии Федератсияи Россия  Владимир Жириновсий  роҷеъ ба  дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия ибрози назар намуда, афзуд, ки   «Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибор дар Россия мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз Президентҳои соҳибэҳтиром дар фазои пасошӯравӣ аст. Тоҷикистон дорои манобеи бузурги иқтисодию энергетикӣ дар бозори меҳнат мебошад, Россия  дорои имкониятҳои молиявӣ аст. Мо бояд ин захираҳоро муттаҳид намоем ва ин ҳам ба манфиати  Москва ва ҳам ба нафъи Душанбе мебошад».

Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки дар ояндаи наздик Ҳизби Либерал-Демократии Россия барои қабули Қонун «Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия» ташаббус хоҳад кард.

Дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Жириновский ва ҳамроҳони ӯ аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия ва «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *