Шоми тиллоии Тоҷикистон дар Ашқобод

Ниҳоят  25 сентябр — дар рӯзи даҳуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик ба  хазинаи мунтахаби Тоҷикистон 3 медали тилло ворид карданд. Азбаски дар як қувваозмоии финалии самбо ҳамватанон Беҳзод Хоҷаев ва Мубориз Мунавваров ба татами мебаромаданд, пешакӣ маълум буд, ки мунтахабамон ақалан соҳиби 1 медали тиллои Бозиҳои Осиё мешавад. Аммо якбора 3 медали тиллоро ба даст овардан бовари кас намеомад.

2 медали тилло дар гуштии самбо Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни  то 74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Тавре олимпик. тҷ иттилоъ додааст, Акмалиддин дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ дастболо шуд.

Беҳрӯз дар вазни -74 кг аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Миҷгона дар вазни -60 кг, намуди «Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони мо дирӯз ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро, тавре гуфтем Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг-и самбо сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг бо соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

 

Дар ҷамъбасти 9 рӯзи Бозиҳо шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад расид – 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷои 27-ум ба ҷои 16 баромад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *