Ҳаво имрӯз абрноку бебориш мешавад

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 26 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст гардида, гармӣ дар водиҳо рӯзона ба 35 дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона  33 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ  22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар   пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят     15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 34 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *