«Шукуҳи шукуфтан»-и Жола Бадеъ дар ИНТ рӯнамоӣ мешавад

Имрӯз, 21-уми июл, соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи дуввум, маҷлисгоҳи хурд маҳфили рӯнамоии китоби ашъори мунтахаби Жола Бадеъ — «Шукуҳи шукуфтан», ки бори аввал ба хати кирилӣ дар Тоҷикистон нашр шуд, баргузор мегардад.

Мавриди ёдоварист, ки Жола Бадеъ соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаб дар Бонки миллӣ кор кардааст. Соли 1945 дар Табрез, дар мактаби ҳарбӣ дарси адабиёт гуфтааст. Соли 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, соли 1952 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бокуро фарҷом бахшидааст. Соли 1959 вориди аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов шуда, соли 1960 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 4-уми декабри соли 2007 аз олам даргузашт.

Аввалин шеърҳояш соли 1938 оммавӣ шудаанд. Китобҳояш дар Душанбе, Боку, Маскав, Тошканд, Теҳрон, Лондон, Порис ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Гулҳои худрӯй» (Теҳрон, 1945), «Ёдгор» (Боку, 1950), «Модарон сулҳ мехоҳанд» (1956), «Армуғон» (Боку, 1956), «Дастагул» (1958), «Зиндарӯд» (1964), «Интизор» (1969), «Ҳангоми вафот»(1974), «Киштии кабуд» (1978), «Живая река» (Маскав, 1965), «Синий корабль» (Маскав, 1978), «Перелётные птицы» (Маскав, 1974) ва ғайра мебошанд.

Муаллифи рисолаи «Шеъри нав дар Эрон» аст. Дар заминаи либреттои ӯ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Парасту» саҳнагузорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *