Баҳодур Шерализода дар мубоҳисаи сатҳи баланди СММ иштирок кард

Дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси раиси Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони “Лаҳзаи табиат” дар мавзуҳои ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мубоҳисаи сатҳи баланд раиси Иҷлосияи 76-уми МУ СММ А. Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле иштирок ва суханронӣ карда, аҳамияти баргузории чорабинии мазкурро дар мубориза ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ намудаанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур иштирок намуда, ба ҳайси панелист дар сегменти аввали чорабинӣ таҳти унвони “Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ” суханронӣ ва се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зистро зикр кардааст. Мавсуф зимни суханронии худ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва чораҳои андешидашудаи кишвар дар ин маврид гуфтааст.

— Инчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳамияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъкид кард,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *