Шукурҷон Зуҳуров вакилони парлумони Бундестагро қабул кард

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҳайати парламентии Бундестаги Ҷумҳурии Олмонро, ки таҳти раёсати роҳбари гурӯҳ Манфред Грунд бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, қабул намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни ин мулоқот Шукурҷон Зуҳуроб иброз намуд, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои гуногун бомуваффақона густариш ва инкишоф меёбанд.

Густариши муносибатҳо бо кишвари Шумо яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Олмон ҳамчун шарики асосӣ ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Боварии комил дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир, дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи имконоти сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Олмон, инчунин таҷрибаи бойи ширкатҳои он, дар рушди иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика, нақлиёт, туризм ва технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд аст.

Тоҷикистон хостори рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ бо Олмон дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо музофотҳои алоҳидаи он мебошад.

Ҷумҳурии мо,- гуфт Раиси парламенти мамлакат, дар самти дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил  гардида, тасмим дорад, дар ояндаи наздик на танҳо кишварро бо барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин намояд, балки инчунин бо кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон пешкаш намояд.

Аз ин лиҳоз, мо хоҳишмандем, ки тасмимҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт, ки дар баробари баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии кишварҳои дигар низ равона гардидааст, дар доираҳои сиёсии Олмон ва муассисаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо мавриди ҷонибдорӣ қарор ёбанд.

Масъалаи таъмини амният айни замон боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Тавре маълум аст, Тоҷикистон ва Олмон дар эътилофи зиддитеррористӣ паҳлӯи ҳам истода, барои барқарорсозӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиёт дар Афғонистони ҳамсоя саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Кишвари мо дар хатти аввали мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистии динӣ ва маводи мухаддир ба қитъаи Аврупо қарор дошта, дар ин самт бо тамоми неруву тавон ҳамчун сипари боэътимод хизмат намуда истодааст.

Дар интиҳо мехоҳам изҳори умедворӣ намоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар тамоми соҳаҳо минбаъд низ ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар густариш ва таҳким хоҳанд ёфт,- гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.

Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону-Олмон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *