Муҳоҷирони меҳнатиро ройгон муолиҷа мекунанд, агар…

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон” форуми сатҳи минтақавидошта баргузор гардид. Дар он намояндагони соҳаи тандурустии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи хабарнигорон иштирок намуданд.
Дар семинар масъалаи пешгирӣ ва назорати байнисарҳадии бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар Осиёи Миёна баррасӣ гардид.
Дар суҳбат ба хабарнигори «Тajikistantimes.tj» Моёншо Маҳмадбеков, сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Вохӯрии имрӯзае, ки дар инҷо баргузор гашта истодааст, бо дастгирии Лоиҳаи HOPE, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ мешавад».

Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки мақсад аз ин лоиҳа бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бастани созишнома оиди пешгирӣ ва бартараф намудани бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар ин ҷо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон, бо Қирғизистон бояд созишнома баста шавад. Дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ мушкилиҳо вуҷуд дорад. Масалан, агар дар ин давлатҳо муҳоҷир ба ин беморӣ гирифтор шавад, ронда мешаванд. Ҳамин созишнома ба хотири он пешниҳод шуда истодааст, ки муҳоҷири бемории сил пеш аз оне, ки ба давлаташ баргардонида мешавад, ба табобат фаро гирифта шавад. Агар ин давлатҳо созишномаро ба имзо расонанд, муолиҷаи муҳоҷирон ройгон ба роҳ монда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки сар аз соли 2015 ҳукуматҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, Лоиҳаи HOPE бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷиҳати беҳтар намудани назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ вохӯриҳои доимӣ мегузаронанд.

Маҳина Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *