Шумо ҳам аз авлоди Пайғамбаред?
Як масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сайидзодаҳо даъват кардааст, ки шаҷаранома ё санади тасдиқкунандаи пайванди онҳо ба хонадони паёмбари исломро барои таҳқиқ ва нашр пешниҳод кунанд.
Ин даъват пас аз нашри шаҷараномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, рӯҳонии шинохтаи ислом, садо дод. Вай дар Ҳамадони Эрон зода ва 600 соли пеш дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дафн карда шудааст. Нусхаи шаҷараномаи ӯ ҳафтаи гузашта дар вебсайти расмии Маркази исломшиносии Тоҷикистон нашр гардид.
Ҳадаф чист?
Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносӣ, рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, на танҳо сайидзодаҳо, балки тӯраҳову махдумҳо низ дар Тоҷикистон шаҷаранома доранд. «Дар аксар шаҷараномаҳо аз куҷо ба куҷо барои зиндагӣ рафтани сокинон нақл шудааст. Онҳо як навъ хотираи таърихии мардум ҳастанд ва барои шинохти таърих муҳиманд», — афзуд ӯ.
Азизӣ мегӯяд, ҳадафи онҳо аз дарёфти нусхаи шаҷараномаҳои насли паёмар «омӯзиши ҷуғрофиёи зиндагии мардуми кишвар аст».
Ин масъули Маркази исломшиносӣ афзуд, барои мисол, омӯзиши шаҷарномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нишон додааст, ки худи ӯ ҳанафист, аммо наслҳояш дар минтақаи Кӯлобу Бадахшон ҳанафӣ ва исмоилианд: «Аз ин рӯ, омӯзиш ва нашри чунин шаҷараномаҳо ба ваҳдати бештар миёни мазҳабу маҳалҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад.»
Сайидзодаҳои аслӣ ё тақаллубӣ?
Сайидзодаҳо дар Тоҷикистон бо номи «эшон» низ ёд мешаванд ва дар миёни мардум аз эҳтироми хос бархӯрдоранд. Саидаҳмади Қаландар, пажӯҳишгари тоҷик, мегӯяд, баъзе аз эшону сайидзодаҳо шаҷараномаҳои худро аз даст додаанд ва бархеи дигар онро аз рӯи нақли бузургсолон бознависӣ кардаанд, ки асл ва пайванди онҳоро ба паёмбари ислом зери суол мегузорад.
Рустам Азизӣ асл ё тақаллубӣ будани шаҷараномаҳоро чандон муҳим намедонад ва мегӯяд, «ба ҳар сурат дар онҳо таърихи хонаводаҳо дар Тоҷикистон дарҷ шудааст.»
Эшони Абдулкарим Ҳомидиён, сокини 40-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, гуфт, насл ба насл шаҷараномаи хонаводагӣ, ки пайванди онҳоро то паёмбари ислом мерасонад, ҳифз кардаанд. Ба қавли ӯ, ин шаҷаранома аз замони паёмбари ислом оғоз ёфта, бо номи падарбузургаш, ки қабл аз Шӯравии собиқ зиндагӣ мекард, хатм мешавад. Номи наслҳои баъдӣ низ дар шаҷаранома сабт мешавад.
«Ман аз насли паёмбарам»
Шаҷараномаи мансуб ба мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Маъмулан то замони тобеияти Осиёи Марказӣ аз Шӯравӣ дар Аморати Бухоро ниҳоди вижае бо навиштани исми насли нав шаҷараномаҳоро тасдиқ мекард. Шӯравӣ на фақат эшону сайидзодаҳоро қабул надошт, балки баъзеи онҳоро боздошту зиндон кард ва шаҷараномаҳоро анъанаи бозмонда аз замони феодалӣ донист.
Абдулкарим Ҳомидиён мегӯяд, онҳо ниҳону ошкор шаҷараномаро то имрӯз ҳифз кардаанд. «Решаи мо ба Имом Ҳусейн, набераи духтарии ҳазрати Муҳаммад мерасад. Вай ду фарзанд дошт: Зайналобиддин ва Зайнаб. Аҳли сайид аз ҳаминҳо паҳн шуданд. Онҳо ба Ироқ ва аз он ҷо ба Эрон рафта, то Осиёи Миёна паҳн шуданд. Мо аз насли Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ ҳастем, ки дар Кирмони Эрон зиста буд. Ӯ аз абераҳои Имом Ҷаъфари Содиқ аст. Дар шаҷараномаи мо навишта шудааст, ки мо аз ҳамин насабем», — нақл кард ӯ.
Шоҳ Неъматуллои валӣ, ба иддаои Абдулкарим Ҳомидиён, насли нуздаҳум аз хонаводаи Алӣ ибни Абутолиб, домод ва писари амаки паёмбари ислом аст. Эшони Абдулкарим худро 40-умин насл пас аз паёмбар медонад.
«Ниме аз мардуми Эрон худро аз табори паёмбар медонанд, аммо..»
Афроде, ки худро аз авлоди паёмбари ислом медонанд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар даҳҳо кишварҳои мусалмоннишин бо номҳои гуногун арзи вуҷуд доранд. Дар Қирғизистон низ хонаводаҳое ба сар мебаранд, ки худро «хоҷа» ё «сайид» ва аз насли Муҳаммад – паёмбари ислом муаррифӣ мекунанд.
Решаи эшону сайидзодаҳои Осиёи Марказӣ ба Эрон рабт мегирад. Охири солҳои 600 ва аввали солҳои 700-и милодӣ арабҳо пас аз тасарруфи Эрон ба ҳудуди ҳозираи Осиёи Марказӣ ҳуҷум карданд.
Аббос Ҷаводӣ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, қаблан дар бораи содот дар Эрон силсилагузоришҳо таҳия кардааст. Ӯ бо такя ба таҳқиқи Вамберӣ, шарқшиноси маъруф мегӯяд, тақрибан нисфи мардуми Эрон худро аз табори паёмбари ислом медонанд, вале аксаран далел надоранд.
Шаҷаранависӣ кай маъмул шуд?
Ҷаводӣ гуфт, қабл аз ислом низ шаҷаранависӣ маъмул буд, вале шаҷаранивсии гурӯҳе бо номи аҳли содот баъдтар маъмул шуд: «Шаҷаранависӣ дар миёни мусалмонон замоне маъмул шуд, ки гуфтанд, ҳар касе рабте ба паёмбари ислом дорад, имтиёзи махсус дорад. Дар Эрону Миср сайид будан имтиёз буд. Сайидро намешуд муҳокима кард ва ё ҷазои эъдом дод. Шаҷараномаҳое, ки дар Эрон мавҷуд аст, дар 200-300 соли пеш навишта шудаанд.»
Ба қавли Аббос Ҷаводӣ, собит кардан, ки соҳиби кадом шаҷаранома воқеан аз насли паёмбар аст, мушкил аст.
«Як шаҷаранома ёфт шуд, ки 500-600 сол пеш навишта шудааст»
Саидаҳмади Қаландар, пажӯҳишгари масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2000 то 2015 ба омӯзиши ин мавзӯъ мушғул буд. Ин пажӯҳишгар мегӯяд, танҳо як шаҷараномае пайдо кард, ки 500-600 соли пеш иншо шудааст ва он ҳам ба насли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ марбут аст.
Дар умум, ба гуфтаи Қаландаров дар Тоҷикистон се гурӯҳ худро аз пайвандони паёмбари ислом медонанд: «Гурӯҳи аввал аз Махдуми Аъзам, ки насабаш ба Зайнаб, набераи Ҳазрати Алӣ ва абераи пайғамбар мерасад. Гурӯҳи дуюм аз насаби Имом Раббонӣ. Гуруҳи севум аз насаби Мир Сайид алии Ҳамадонӣ ҳастанд”, — гуфт ӯ.
Бо ин ҳол, шумораи онҳое, ки дар Тоҷикистон худро сайидзода ё аз решаҳои хонадони паёмбари ислом медонанд, дақиқ нест. Мақомот мегӯянд, дар сурати пешниҳоди нусхаи шаҷараномаҳо шумораи эҳтимолии насл ё даъвогарони наздикӣ бо хонавдони паёмбари ислом дар Тоҷикистон низ маълум хоҳад шуд.
«ОЗОДӢ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ