Чаро нархи чиптаҳои тайёра боло рафт?

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост кардааст масъулини бархе нуқтаҳои чиптафурӯширо ба ҷавобгарӣ кашанд.

Дафтари матбуотии ширкати “Сомон Эйр”  24-уми январ гуфтааст, ки соҳибони бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ даст ба фиреби муштариён мезананд. Мусофирон шикоят доранд, ки ҳафтаи гузашта нархи чиптаҳои сафар ба Русия якбора гарон шуд.Ин гароншавӣ дар пайи қатъи парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирад. Аммо масъулини ширкати “Сомон Эйр” гарон шудани нархи чиптаро рад карда гуфтанд, “дар системаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо якчанд дараҷаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки аз рӯйи арзиш фарқ мекунанд. Дар ҳолати тамом шудани тарифҳои дараҷаи пасттар, мутаносибан дар система билетҳои гаронтар боқӣ мемонад». Масъулини “Сомон Эйр” ҳамчунин гуфтаанд, ки ахиран аз болои бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомоти интизомӣ шикоят бурданд. Ширкат ба мақомоти дахлдор барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати агентони қаблӣ оиди фурӯши чиптаҳо, ки бо «фиребкунии мусофирон машғул буданд», дархост ирсол намудааст.”

Дафтари матбуоти “Сомон Эйр” мегӯяд, ки  аз 1-уми феврал хазинаи шахсии ширкат бо тартиби шабонарӯзӣ ба фурӯши чиптаҳо ба кор шуруъ мекунад. “Ҳар як мусофир метавонад чиптаҳоро бе миёнарав дастрас кунад,”-таъкид карданд дар ширкати “Сомон Эйр”. Ширкати “Сомон Эйр” дар ҳоле аз болои нуқтаҳои чиптафурӯшӣ ба мақомот шикоят мекунад, ки дар гузашта чандин нафар аз чиптафурӯшон барои фиреби мусофирон муҷозот шуда буданд.Агентҳои чиптафурӯшӣ аз ширкатҳои ҳавонавардӣ чиптаҳоро мехаранд ва болои он аз 6 то 8 фоиз маблағ гузошта ба мизоҷон мефурӯшанд. Гаронии чипта як гуруҳ мусофирони тоҷикро маҷбур мекунад тариқи хатсайрҳои Узбекистон ва Қазоқистон худро ба хориҷа расонанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *