Шумораи умумии кушташудагон дар Нигерия муайян карда нашудааст
Рӯзи шанбе бар асари таркиш дар як корхонаи коркарди нафти ғайриқонунӣ дар ҷанубу шарқи Нигерия беш аз 50 нафар кушта шуданд. Дар ин бора NBC News хабар медиҳад.
Сӯхтор, ки рӯзи ҷумъа рух дод, ба ду анбори сӯзишвории ғайриқонунии корхонаи коркарди нафт паҳн шуда, дар ин минтақа низ густариш пайдо кард.
То ҳол сабаби дақиқи таркиш ва шумори умумии кушташудагон муайян карда нашудааст. Ба гуфтаи пулис, ҳамаи қурбониён кормандони як корхонаи ғайриқонунӣ будаанд.
Мақомот ҳамчунин ҷустуҷӯи соҳиби корхонаи коркарди нафт эълон кардаанд. Нигерия аз ҷиҳати истеҳсоли нефт дар байни мамлакатҳои Африка чои якумро ишғол мекунад, вале дар территорияи он заводҳои коркарди нефт хеле каманд. Дар натича давлат кисми зиёди сузишвории истеъмолкардаашро аз хориҷа мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ