Сигоркашзанон: аз тангии зиндагӣ то орзуи кӯдакӣ

Имрӯзҳо дар кишвари мо занони сигоркашро зиёд вомехӯрем ва  дидани бонуи сигордор дар кӯчаҳои Душанбе касеро ба ҳайрат намегузорад. Албатта, аз лиҳози ҳуқуқӣ сигор кашидан ба занҳо мамнӯъ нест ва онҳо низ метавонанд дар баробари мардон  аз сигор истифода баранд.  Аммо дар ҷомеаи суннатии мо ба ин зуҳурот чӣ назар доранд? Чаро  занҳо сигор мекашанд? Илми тиб ва равоншиносӣ дар ин бора чӣ мегӯяд? Мо ин мавзӯъро пайгирӣ кардем…

Чаро занҳо сигор мекашанд?

Яке аз бонувони маъруфи журналистро мепурсанд, ки чаро сигор мекашед? Вай посух медиҳад, ки «Журналисти ҳақиқӣ ҳатман сигор мекашад!». Албатта, сигоркашӣ меъёри журналист будан нест. Ин ҳам мисли он аст, ки инсонҳо шаробро «ба хотири саломатӣ» менӯшанд, ҳол он ки он ба саломатӣ зарар дорад ва боиси бавуҷудоии нохушиҳо хоҳад шуд. Ҳамин тавр, ҳар як бонуи сигоркаш қиссаи худро дорад ва далели худсафедкунӣ низ… Яке мегӯяд, ки аз тангии зиндагиву аз ҷабри шавҳару хушдоман ба ин амал даст задаасту дигаре аз овони кӯдакӣ ин орзуро дар дил мепарварад.

Чеҳра Иброҳимова яке аз чунин бонувон таърихи сигоркашии худро  зимни суҳбат чунин нақл кард: «Ман бори аввал сигорро дар шабнишиние ҳамроҳи дӯстонам кашидам. Баъди ин ҳаёти ман ба куллӣ тағйир  ёфт ва ман барои кашидани сигор одат кардам ва то ҳол аз сигор истифода мебарам. Бо вуҷуди он ки худам онро партофтанӣ нестам, вале ба дигар занҳо маслиҳат медиҳам, ки ҳеҷ вақт ба сигоркашӣ одат накунанд ва ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар нагузоранд».

Дилрабо Ҷононова бошад, мегӯяд: «Ман аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки як маротиба аз сигор истифода барам ва гоҳ-гоҳ дуздӣ пасмондаҳои сигори падарамро мекашидам. Вале ба таври муттасил сигорро аз соли 2006, дар синни 29 — солагиям, вақте ки аз шавҳарам ҷудо шудам, истифода мебарам. Ё ба қавле ба орзуям расидам. Сигор маро аз стресс ва асабонӣ шудан наҷот медиҳад. Албатта, ман медонам, ки   сигоркашӣ амали бад мебошад ва ҳар қадар кӯшиш мекунам, аз он даст кашида наметавонам.  Аҷиб он ки вақте ягон нафар дар назди ман сигор мекашад, аз бӯйи дуди ғализи он дилам танг  мешавад. Дӯстону ҳамкорон ва хешу таборам аз сигор умуман истифода намебаранд, вале вақте дар ҳолати стресс ё асабоният аз ман хоҳиш мекунанд, ки сигор диҳам, албатта, ман зидди он мебароям ва намехоҳам, ки онҳо ба сигоркашӣ одат кунанд».

Модар сабаби бемории фарзанд

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он ақидаанд, ки сабаби зиёд шудани теъдоди шахсони сигоркаш таъсири сигоркашҳои атроф мебошад. Дуди сигор хусусияти ҷалбкунӣ дорад. Ҳамчунин, ба ақидаи табибон сигоркашӣ метавонад сабаби бемориҳои зиёде гардад. Аз сигор истифода бурдани занони ҳомила ба тифли дар батнашон буда хатар дорад.

Дар ин маврид Шамшод Музаффаров, табиби кӯдакон мегӯяд: «Сигоркашӣ яке аз сабабҳои ба бемориҳои гуногун дучор шудани ҳам шахсони калонсол ва ҳам кӯдакон, аз ҷумла занони ҳомила мебошад ва бештар кӯдакон дар ҳолати сигоркаш будани модар метавонанд бо нуқсонҳои гуногуни шуш ё дил таваллуд шаванд. Яке аз ин нуқсонҳо норасоии нафаскашӣ ё ба забони тиб “ассисия” мебошад. Дар ҳолате ки кӯдакон бо бемории “ассисия” таваллуд мешаванд, дар оянда раванди зиндагии онҳо метавонад хатарнок сурат гирад. Ғайр аз ин кӯдакони аз модари сигоркаш ба дунёомада  метавонанд, ки бо нуқсонҳои шуш ё напурра инкишоф ёфтани шуш таваллуд шаванд. Бештари ин гуна кӯдакон  дар соли аввали ҳаёт мефавтанд».

Ҳамчунин, аз нигоҳи илми тиб сигор боиси тангшавии рагҳои хунгард гардида, ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Сигоркашӣ ба вайроншавии рагҳои хунгарди чашм низ зарар дорад.  Мушкили дигар дар он аст, онҳое, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд, бештари вақт ифтихор мекунанд ва ин кирдори худро намоишкорона ба мардум нишон медиҳанд. Ба гуфтаи худи чунин занон сигоркашӣ метавонад асабро ором кунад ва одами сигоркашро аз ҳолатҳои дилтангиву стресс барорад. Бинобар ин, барои пешгирӣ аз ин амали номатлуб бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ 31-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо тамоку (World No Tobacco Day) таҷлил мегардад.

Мутеъ ё одат?

Бо вуҷуди он ки теъдоди занони сигоркаш дар кишвар меафзояд, дар ҷомеаи суннатии мо ба чунин зуҳурот назари нек надоранд.

Акобир Шарипов, донишҷӯйи ДМТ мегӯяд, ки ба сигоркашии занон мухолиф аст: «Зан олиҳае мебошад, ки саршор аз меҳру муҳаббат аст ва ин гуна амалҳо ба шарафи ӯ намезебад. Мутаассифона, мо занҳои зиёдеро мебинем, ки ба сигоркашии худ мақомашонро дар ҷомеа паст мекунанд. Ин амал ба саломатии зан  зарар мерасонад».

Равоншинос, номзади илм ва мудири кафедраи психологияи ДМТ Нодир Амонов дар ин маврид назари худро чунин баён кард: «Сигоркашӣ ҳам мисли як майл ё хоҳиш мебошад, ки ба баъзе занҳо одат шудааст. Бархеи онҳо аз кӯдакӣ ба ин амал даст мезананд ва баъди як-ду маротиба аз сигор истифода кардан ба он одат мекунанд. Баъзе аз занҳо тақлидкорона сигор мекашанд. Ҳамчунин, занҳое ҳастанд, ки барои хароб шудан аз сигор истифода мебаранд. Дар умум аз нигоҳи равоншиносӣ сигоркашӣ одат ва мутеъ шудан аст».

Тангии зиндагӣ, хушунати оилавӣ, орзуи кӯдакӣ ва монанди ин ба ҷуз худсафедкунӣ чизе нест. Маълум шуд, ки сигоркашӣ мутеъ шудан аст ва барои раҳоӣ ёфтан аз он иродаи қавӣ лозим аст, зеро зан на танҳо масъули саломатии худ, балки оила ва ҷомеа мебошад…

Уғулой Қутбиддинзода,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *