«Сихкабоби хуҷандӣ» аз гӯшти хар?

Видеои нашршуда дар бораи як мошини пур аз гӯшти хар, ки зоҳиран мақомот дар вилояти Суғ боздошт кардааст, дар Интернет ба вокуниши тунди корбарони тоҷик рӯбарӯ шудааст.

Навори боздошти як мошини боркаши пур аз гӯшти хар, ки тақрибан як ҳафта боз дар Интернет чарх мезанад, зоҳиран навори фаврии мақомоти пулис аст ва ба эҳтимоли ғолиб дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон сабт шудааст.

Дар ин навор яке аз маъмурон мепурсад, ки ин гӯшти хар аст? Ва як марди миёнасоли ба тан дублёнка, ки тавре ба назар мерасад, қассоб аст, эътироф мекунад, ки «бале, гӯшти хар аст.” Ӯ ҳамчунин эътироф мекунад, ки ин гӯштро барои «тоза кардан” ба ӯ додаанд ва барои ҳар кадомаш 50 сомонӣ пул ваъда ҳам додаанд.

Дар навор ҳамчунин ба як марди дигари кӯҳансоли тоқӣ дар сар бо унвони «Ҳоҷӣ” муроҷиат мекунанд ва ӯро мазаммат мекунанд, ки «шарм намедоред, Ҳоҷӣ, ки чунин ифлосиро паҳн мекунед.”

Дар навор як мошини пур аз гӯшт дида мешавад ва ҳам дар паҳлуи ин мошин миқдори бузурги гӯшти ронро мебинед, ки дар рӯи замин гузошта шудаанд.

Ҳеҷ кадом аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ошкор шудани ин мавриди таҳияи гӯшти хар барои фурӯш гузориши расмӣ надодааст. Вале ин видео ба вокуниши тунд ва саросар манфии корбарон дар Интернет, аз ҷумла дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯбарӯ шудааст.

Корбаре бо номи Нури Адолат ба шиддат аз онҳое ки аз зудбоварии мардум сӯиистифода бурда, гӯшти харро барояшон мефурӯшанд, мазаммат кардааст: «Ҳайф ба шаклу шамоил ва сиккаву сурати инсонӣ-и шумо одамони муфтхӯр…Номи инсонии худро расво кардаед..боз худро мусулмону тоҷик мегӯеду эшону муллоҳоро ба маъракаҳо даъват мекунед, ки нону авқоти аз барои Худо медиҳед. Шумо бо ин рафторатон чи гуна дар назди он зоти Офаридгор ҷавоб медода бошед?Чи гуна фардо фарзандони шумо ин рафторатонро баҳо медода бошанд.

Фазлиддин Сангинов ҳам навиштааст: «Заҳр шавад он пулҳои бо роҳи фиребу мардуфиребӣ, ки ба даст мегиред. Ҳайфи фарзандони он хонавода, ки пули ҳарома намедонанду истеъмол мекунанд! Афсӯс!

Корбарони дигар бо истеҳзо навиштаанд, ана, билохира сирри арзонии шашликои Хуҷанд маълум шуд. Аксари корбарон хостори муҷозоти шадиди онҳое шудаанд, ки бо чунин мардумфиребӣ барои худ асбоби тиҷорат дуруст кардаанд.

Аз ин қабл дар бораи мавридҳои ба мардум фурӯхтани гӯшти хар дар Қирғизистону Узбекистон низ гузориш шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *