Имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 2 то 7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои ин вилоят борон, барф ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 ва дар ноҳияҳои алоҳида 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ҳавои абрнок, борон, барф ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 2 то 7 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бориши борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *