Симин Беҳбаҳонӣ — Эрон

Дӯстат медорам

Дӯстат медораму беҳуда пинҳон мекунам,

Халқ медонанд, ки ман инкори эшон мекунам.

Ишқи беҳангоми ман то аз гиребон сар кашид,

Аз ғами расво шудан сар дар гиребон мекунам.

Дасти ишқат банди заррин зад ба поям, ин замон,

К-ин сияҳкорӣ ба мӯйи нуқраафшон мекунам.

Синаи пурҳасрату симои хандонам бубин,

Зери чатри настаран, оташ фурӯзон мекунам.

Дида барҳам мениҳам то баста монад сирри ишқ,

Ин ҳубоби соддаро сарпӯши тӯфон мекунам.

Ин ману ин доману ин мастии оғӯши ту,

То чӣ мастури манӣ олуда домон мекунам.

Дасту по гум кардаву ошуфта мемонам ба ҷой,

Неъмати васли туро ин гуна куфрон мекунам.

Эй шигарф, эй шигарф, эй пуршӯр, эй дарёи ишқ,

Дар вуҷудат хешро чун қатра вайрон мекунам.

То чароғонӣ кунам роҳи туро ҳар шомгоҳ,

Ашки шавқе нав ба нав овези миҷгон мекунам.

З-он нигоҳи каҳрабоӣ чора фармон бурдан аст,

Ҳарчӣ мехоҳӣ бигӯ! Он мекунам, он мекунам.

***

Шароби нур

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,

Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.

Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,

Гули сапеда шукуфту саҳар дамид, биё.

Шаҳоби ёди ту дар осмони хотири ман,

Паёпай аз ҳама сӯй хатти зар кашид, биё.

Зи бас нишастаму бо шаб ҳадиси ғам гуфтам,

Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё.

Ба вақти маргам агар тоза мекунӣ дидор,

Баҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё.

Ба гомҳои касон мебарам гумон, ки туӣ,

Дилам зи сина бурун шуд зи бас тапид, биё.

Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша парвин дошт,

Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.

Умеди хотири Симини дилшикаста туӣ,

Маро махоҳ аз ин беш ноумед, биё.

***

Гуфтӣ, ки…

Гуфтӣ, кӣ: «Маро бо ту на сирре, на саре ҳаст»,

Гар сирру саре нест, ниҳонӣ назаре ҳаст.

Гирдоб шикебоиям омӯхт, ки дидам,

Гоҳ аз мани савдозада, саргаштатаре ҳаст.

Баргест, ки печон ба кафи боди хазон аст,

Гар дар ҳамаи шаҳр чун ман дарбадаре ҳаст.

Гаштанд пайи фитна бар ҳар гӯшаи ин шаҳр,

Дар гӯшаи чашмон ту гӯё хабаре ҳаст.

Бо ёди ту гар оҳ барорам, на ғамин аст,

Хуш он сафар афтад, ки дар ӯ ҳамсафаре ҳаст.

Гуфтам, кӣ: «Ба пойи ту гузорам сари таслим»,

Гуфтӣ, кӣ: «Нахоҳем касеро, ки саре ҳаст…».

Чун шамъ магар шуъла забони суханат буд,

К-аз сӯзи ту, Симин! Ба ғазалҳо асаре ҳаст.

***

Ёр надорӣ

Чӣ дилӣ? Эй дили ошуфта, ки дилдор надорӣ,

Гӯ ту бемори ғамӣ, аз чӣ парастор надорӣ?

Шаби маҳтоб ҳамон беҳ, ки аз ин дард бимирӣ,

Ту, ки бо моҳрухе ваъдаи дидор надорӣ.

Рози андӯҳи маро аз мани озурда чӣ пурсӣ,

Хун маяфшон зи дилам, гар сари озор надорӣ.

Гули бе хори ҷаҳонӣ, ки зи некусаяронӣ,

Қавли Саъдист, ки бо ӯ сари инкор надорӣ.

Эй сарангушти ман! Ин зулфи сияҳ роз чӣ печӣ?

Ки дар ин ҳалқаи занҷир гирифтор надорӣ.

Дили бемор зи каф рафту ҷуз ин нест сазоят,

Ки табибе пайи беҳбудии бемор надорӣ.

Гарчӣ Симин ба ғазалҳо сухан аз ёр сурудӣ,

Ба худо ёр надорӣ! Ба худо ёр надорӣ …!

سیمین بهبهانی- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *