Дар Расулов мард занашро кал карда ба ҳалқаи дор кашид

14-апрел, соати тахмин 8:00дадиқа сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бахтиёр Юлдошов ҳамсари 24 солаашро ба ҳалқаи дор кашид. Ба гуфти ҷабрдида, Хомзода Юлдошова  сабаби асосии моҷаро ва расонидани зарари ҷисмонӣ аз ҷониби шавҳар ин пайдо шудани симкорт аз дохили ниқлиёти шахсии Бахтиёр аст.

Юлдошова  дар вақти мошинро тоза кардан симкортро пайдо мекунад ва аз рӯи кунҷковӣ, ки вақтҳои охир шавҳараш пайваста бевақти шаб ба хона меомадааст, мехоҳад онро ба телефон гузошта фаҳмад, ки симкорт  они кист. Ва агар ба шавҳараш тааллуқ дошта бошад, пас бо ин симкорт Юлдошов бо кӣ сӯҳбат мекардааст…

 Бо ҳамин мақсад зан симкортро ба телефон мегузораду ҳамон замон шавҳараш омада телефонро аз дасти ӯ кашида мегирад ва занро мавриди латукӯби шадид қарор  медиҳад. Мӯйи сари занро тоза карда метарошад ва ӯро ба ҳалқаи дор мекашад…

Идомаи ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *