Синфхонаву озмоишгоҳҳои нави таълимӣ дар факултети тиббии ДМТ

Дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои ДМТ, зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ва роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намудаанд. Зимни боздид аз синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ва ҷараёни дарсҳо ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд додаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки Синфхонаи малакаҳои клиникӣ имконият медиҳад, то донишҷӯён пеш аз гузаронидани амалиётҳои тиббӣ дар беморон донишҳои амалии худро дар муляжҳо такмил дода, дар дастгоҳҳои тиббӣ корро омӯзанд. Синфхонаи мазкур барои малакаҳои клиникӣ аз терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ пешбинӣ шудааст.

Озмоишгоҳи ташхиси клиникӣ бошад, барои баргузории машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-ташхисӣ пешбинӣ шудааст.

Озмоишгоҳи морфологӣ низ мавриди истифода қарор гирифта, дар он дастгоҳу таҷҳизоти зерин мавҷуд аст: миограф, кимограф, болғачаи неврологӣ, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳикунанда, сентрофуга, ҳаммоми обӣ, спирометрҳо, электрокардиограф, глюкометр, камераи Горяев, асбоби Панченков, гемометри Салӣ, дозометр, микроскопҳо, маҷмуи препаратҳои гистологӣ ва ғайра.

Баъд аз ифтитоҳи марказҳои мазкур ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти марказҳо ва иҷрои корҳои илмӣ-таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти онҳоро назаррас ба роҳ монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *