Сино, Хайём, Берунӣ ва Розӣ дар СММ
Дар ҳавлии бинои марказии СММ, ки дар шаҳри Вена ҷойгир аст, муҷассамаи 4 донишманди бузурги тоҷик — Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шуд. Дар ин бора Хадамоти иттилоотии СММ дар саҳифаи расмиаш иттилоъ медиҳад.
Муҷассама дар шакли маҳфиле бунёд шудааст, ки дар он чаҳор осмони Шарқ суҳбаткунон нишастаанд.
Дар хабари СММ омадааст: «Умари Хайём — файласуф, риёзидон, ситорашинос ва шоир, Абуалӣ ибни Сино табиб, шоир, файласуф, риёзидон ва табиатшинос, Абурайҳон Берунӣ олим, риёзидон, ситорашинос, антрополог, ҳиндшинос ва таърихшинос, Закариёи Розӣ табиб, файласуф, кимиёшинос ва аввалин ихтироъкори спирт дар ҷаҳон буданд.»
Дар солҳои гуногун аз ҷониби СММ солгарди ин бузургони адабиёту илми ҷаҳои қайд карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ