Сипосномаҳои раиси ноҳияи Шаҳринав ба рӯзноманигорон
Як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкориҳои пайваста ҷиҳати тарғиби дастовардҳои 30 соли замони соҳибистиқлолӣ ва инъикоси саривақтии пешрафт ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳринав дар васоити ахбори омма бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.
Сипосномаҳо ба намояндагони ВАО дар толори маҷлисгоҳи асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав зимни нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 тақдим гардиданд.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба масоили солҳои 2022 — 2026 эълон гардидани солҳои рушди саноат, бахусус дар самти рушди корхонаи парандапарварӣ, вобаста ба додани қитъаи замин барои эҳтиёҷмандон барои бунёди манзили истиқоматӣ, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, доир ба самти ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин иҷрои фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ба суолҳо ва дархостҳои пешниҳодгардида аз ҷониби раиси ноҳияи Шаҳринав Носирзода Ҷаббор ва масъулони соҳаҳо ҷавобҳои дақиқу мушаххас дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ