Сироҷиддин Икромӣ: 327 банкомати Амонатбонк ба аҳолӣ хизмат мерасонанд
Давоми як сол аз Амонатбонк 32 фоиз қарз ба соҳаҳои муҳим, аз ҷумла кишоварзӣ ва барои дастгирии соҳибкорон равона шудааст.
Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ — раиси БДА “Амонатбонк” зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамчунин, ба 51 нафар қарзи ипотекӣ барои хариди хона дода шудааст, ки фоизи он 10,7 фоиз аст.
Ба иттилои масъулини бонки мазкур, ҳоло 547 нуқтаҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд. “Мо нуқтаҳои хизматрасониро аз ҷойҳои дурдаст ба мавзеъҳои сераҳолӣ кӯчонидем. Ҳадаф аз ин дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии бонк мебошад. Ҳатто биноҳоро барои иҷора гирифтем”,- изҳор дошт раис.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон 327 банкомати Амонатбонк ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ