Сироҷиддин Муҳриддин: Зидди иштироки тоҷикон дар муноқиша ҳастем

Сироҷиддин Муҳриддин — вазири корҳои хориҷӣ аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина изҳори бехабарӣ карда, аммо гуфтааст, ки бо вуҷуди ин, зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша ҳастанд.

Ӯ афзудааст, ки ҳама корро карда истодаанд, то шаҳрвандони Тоҷикистон аз ягон тараф ба муноқишаҳо пайваст нашаванд. Дар робита ба ин, ба гуфтаи ӯ, сафоратҳову консулгариҳо ва ҳатто ҷамъиятҳои тоҷикон дар Украина, Русия ва Қазоқистон корҳои лозимаро пеш бурда истодаанд.

“Бо донишҷӯёну дигарон мулоқот мекунему мефаҳмонем, ки ба чунин корҳо пайваст нашаванд. Мардуми мо озоданд, дар дигар кишварҳо мехонанду кор мекунанд. Ақидаву нигоҳи худро доранд. Бо кадом роҳҳо ба он ҷойҳо рафтаанд, мо намедонем, лекин мо зидди чунин ҷараёнҳо ҳастем ва намехоҳем, ки шаҳрвандони мо дар он ҷойҳо иштирок кунанд”,- шарҳ медиҳад вазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *