Низомиддин Ҷумъаев

Муаллими тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ

Муаллими Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Низомиддин Ҷумъаев аз байни довталабони 26 давлати дунё аз рӯйи номинатсияи “Омӯзгори беҳтарин — 2023” сазовори ҷойи аввал гардид.

Озмуни 4-уми байналмилалии «Маҳорати касбӣ» аз рӯйи номинатсияи «Омӯзгори беҳтарин — 2023» ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст.

Ин озмун бо ташаббуси Русия аз рӯи номинатсияҳои «Омӯзгори беҳтарин — 2023», «Роҳбари беҳтарин — 2023», «Методисти беҳтарин — 2023», «Омӯзгор-ташкилотчӣ — 2023», «Беҳтарин коллективи омӯзгорон — 2023» «Мутахассиси ҷавон — 2023» баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳадаф аз баргузории озмун рушди қобилияти эҷодии омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва хоҳиши ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, дастгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ, ошкор намудани омӯзгорони болаёқат, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *