футбол

Ҷавонони тоҷик аз ҳамтоёни сурии худ шикаст хўрданд

Дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бозии дўстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд. Вохўрӣ бо пирўзии дастаи Сурия, бо натиҷаи 1:0 анҷом ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 90+4 Муҳаммад Асад гардид.

Пеш аз оғози бозӣ футболбозони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ба хотираи қурбониёни офатҳои табиии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва онҳое, ки бар асари заминларзаҳо дар Сурияву Туркия ҷон бохтанд, дақиқаи хомўширо риоя карданд.

24-уми феврал тимҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии санҷишии дуюмашонро доир мекунанд. Вохўрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.

Ин вохўриҳои санҷишӣ барои ҳарду даста омодагӣ ба Чемпионати Осиё-U-20, ки дар Тошканд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо роҳбарии мутахассиси белорус Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Уммон (5-уми март) ва Куриёи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *