Сироҷиддин Аслов Ордени Дӯстӣ гирифт
Бо фармони президенти Россия Владимир Путин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар фармони президени Русия гуфта мешавад, ки Сироҷиддин Аслов «барои саҳми беандоза ба рушди муноситаҳои Россия ва Тоҷикистон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо» бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро Сироҷиддин Аслов аз 29 ноябри соли 2013 роҳбарӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ