Ширин Разавиён -Англия

   Дўст

 Эй ламҳаи муҳаббат,

Аз кадом равзана тобидӣ,

Бар қиргуни шоми меҳнатолўдам?

Борон меҳрубонӣ ва улфат,

Бар дашти хушки бекасии ман чигуна боридӣ?

Куҷо нишастаӣ акнун?

Аз кадом панҷара мехонӣ?

Бубин,

Ҳамон паранда, ки рўзе ба шонаат биншаст,

Ҳанўз пушти шаб бесапеда пинҳон аст

Ва дар хамўшии худ хоби нағма мебинад.

***

Мавҷ  

Дарёи улфатем, ки моро карона нест,

Бо мавҷи беқарор, ҳамовоз гаштаам,

Зеро ки мавҷи хурўшанда ҳам чу ман,

Мемирад, ар-ки нашнид даме зи по.

Гаҳгоҳ,

Гарчӣ сахраи сахти ҳаводисӣ,

Бишкофадам зи ҳам,

Аммо маро чи ғам?

Дарё баҷову мавҷ баҷоясту ман ба ҷо,

Наншастаам зи по.

***

Тасвири оташ дар оинаи об

 Хастагиҳоямро

Ба домони ишқ мепарастам.

То хуршеди оромишро

Ки аз чашмҳоят метаровад

Дар пиёлаи дастонат бинўшам.

Эй бўи дўстӣ

Бо он нигоҳи содиқ

Аз кадом равзана тобидӣ

Бар тораки норизоиятии шикебоиям.

Дар он шабони равшани тобистон,

Дар зери моҳтоб,

Маъсумияти дурахшони чашмҳоямро

Ба ҷангали пурборони чашмҳоят бахшидам.

Ва оташбозии рўҳамро

Дар дарёчаи сокиту сабури вуҷудат

Бо сад ҳазор ҷилва ба тамошо нишастам.

Ростӣ чӣ диданӣ аст,

Тасвири оташ дар оинаи об.

***

Ширини дирўз

 Рўзе Ширин будам

Бар аспи сапед

Каронаҳои Эронзаминро яктана метохтам

То маъшуқ бубинам,

Озода будаму гесўям бар болҳои бод

Чун парчами озодагӣ дар эҳтизоз буд.

Рўзе Рўдоба будам

Рўзе Оноҳид будам

Ҷомаам сиёҳ набуд

Гесўям гуноҳ набуд

Ва бар заминам нигоҳ.

Ман аз таърих гила дорам

Аз ҳар кас, ки мешиносам

Аз таърихи пурҳамоса ман гила дорам

Зи чӣ рў марзҳои хоки порсиамро

Чун шерони нар, ки канорам то пойи ҷон пос медиҳанд,

Аз дасти хунхорони кавир эмин надоштанд?

Рўзе митро будам

Ва меҳр аз синаам тулўъ мекард ва

Дар доманам ғурўб.

Акнун «суғро» шудаам

Ва шикебоии маҷҳул шиори ман аст

Ва нақши ман нақши намакин аст

Ва куномамам кунҷи хона аст

Мабодо, ки офтоб,

Кабутарони сапеди синаамро бо дастҳои гарм навозиш кунад.

Чигуна шер бизояд зане, ки чун рубоҳ

Ин сон зи саҳнаи вақоеи оянда, рондааст?

***

Эй кош ҷодўӣ

Эй кош афсунӣ

 Аз дидагонамон оҳ мерўяд,

Вақте ки мебиниям,

Ин хиттаи маънўсро

К-аз осмонаш дард меборад.

Аз синаамон фарёд меҷўшад.

Вақте амони мардумонро мебуррад бедод.

Дар чашмҳомон хоб мемирад

Аз он деҳ, он шаҳри хоколўд

Дар раҳгузори бод.

Ҳар бор меларзад замин

Дар эътирози беамони хеш

Аз ҷаври қавми од.

Эй кош ҳар афсонае ранги ҳақиқат дошт

Эй кош ҷодўӣ…

Эй кош афсунӣ…

Эй кош,

Овои ишқе мерасид аз даври дастони боз

Эй кош меҷўшид овози қанорӣ

Дар раги хуршед,

Эй кош номи мову озодӣ

Як бор мешуд ҷуфт.

Охир чӣ битвон гуфт?

Аз дидагонамон оҳ мерўяд

Вақте ки мебинем

Ин хиттаи маънўсро

К-аз осмонаш дард меборад.

شیرین رضویان — انگلستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *