“Ситора”-и нав дар осмони Қурғонтеппа

Бо дастгири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ансамбли давлатии рақсии «Ситора» таъсис дода шуд.
Дар ансамбл зиёда аз 30 нафар ҷавонписарону духтарон ҷалб гардиданд.
Гулбарг Боқиева, роҳбари ансамбли давлатии рақсии «Ситора»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтепа иброз дошт, ки: «Ман пеш аз ҳама шукронаи даврони соҳибистиқлолӣ мекунам ва фахр аз он дорам, ки роҳбарияти олии кишвар Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳангу санъати миллӣ назари некбинона доранд ва Инаст, ки рӯз аз рӯз, сол ба сол соҳаи фарҳанг дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон рӯ ба пешравӣ овардааст».
Мавсуф, иттилоъ дод, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду номераи рақсӣ пешниҳоди сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *