Суғд муҳоҷиронашро ба Новосибирску Тюмен мефиристад

Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ҳанӯз моҳҳои январ-феврал сар шуда бошад ҳам, то имрӯз идома дорад, иттилоъ доданд аз раёсати Хадамоти муҳоҷират  дар вилояти Суғд.

Инчунин зикр гардид, ки  12-13 июли соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд субъектҳои хоҷагидори вилоят 120 нафар муҳоҷиронро ба Федератсияи Русия сафарбар намуданд. Дар ин самт хусусан ҶДММ «Роҳи Абрешим» ва ҶДММ «Иттиҳодияи вокзалҳо» пешсаф буданд. Ҳамчунин филиали ҶДММ «Олами саёҳат» дар вилояти Суғд як гурӯҳи 10 нафараро сафарбар намуд.Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбати намояндагони раёсат бо сафарбаршудагон маълум гардид, ки онҳо асосан шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Тюменро барои истиқомат ва фаъолияти меҳнатии мавсимӣ интихоб намудаанд.
Ҳангоми гусел кормандони раёсат ба муҳоҷирони меҳнатӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд, зикр кард манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *