“Ситора”-и телевизиони Русия аз қирғизҳо узр хост

Андрей Малахов, ровии маъруфи телевизиони Русия аз сокинони Қирғизистон бо забони қирғизӣ узрхоҳӣ кард.

«Хиради куҳани мардуми қирғиз далолат мекунад, ки: тавони гӯш карданро дошта бош, то ҳарфат шунида шавад», — гуфт ровӣ. Вай афзуд, аз ҳамаи онҳое узр мепурсад, ки «ҳарфҳояш боиси ранҷишашон шудааст». Малахов «узр мехоҳам»-ро бо забони қирғизӣ низ баён кард. Узрхоҳии Малахов дар шабакаи телевизионии «Россия-1» баъди як ҳафтаи ҷанҷоле садо дод, ки боиси норизоии мардуми Қирғизистон шуд. Ҳарфҳои Малахов нисбати Исломбек Акбарови қирғизистонӣ ҳамватанони Акбаровро ба хашм овард ва бисёрии онҳо аз Малахов талаби маъзаратхоҳӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳам ба ин талабҳо ҳамсадо шуд.

Дар барномаи Малахов садамаи таксирон — зодаи Қирғизистон бо шаҳрванди 22-солаи Русия Александр Маругов муҳокима шуд, ки боиси марги дувумӣ гардид. Пулиси Русия Акбаровро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар сурати собит шудани айби зодаи Қирғизистон дар ин садама, мумкин аст, вай то панҷ сол зиндонӣ шавад.

Малахов дар барномааш гуфт, садама эҳтимол, тасодуфӣ набуд ва барои иҷрои он ба зодаи Қирғизистон «100 ҳазор доллар пардохт кардаанд». Малахов афзуд, ба далелҳои номаълум «одамони ҷиддие» аз Исломбек Акбаров ҳимоят мекунанд. Ровӣ ҳамчунин чанд маротиба дар барномааш такрор кард, ки ҳаққи хизматрасонии вакили дифои Акбаровро кӣ мепардозад? «Ҳаққи хизмати шуморо кӣ мепардозад? Хешонатон аз Қирғизистон? Панҷ касӣ дар як кат хоб меравед, 10 доллар маошатон ва инак вакили мудофеи костюмпӯш? Вакили дифоъ назди ронандаи таксӣ меояд?», — гуфт Малахов.

«Ба вай 100 ҳазор доллар бидеҳ, ҳамаи хонаводаи ӯро, ҳамдеҳагони ӯро хушҳол мекунӣ. Онҳо то охири умрашон ин маблағро пайдо нахоҳанд кард: онҷо маош 10 доллар аст», — афзуд Малахов.

Ин гуфтаҳои вай қирғизистониҳоро ба хашм овард. Сокинони Қирғизистон давоми як ҳафта ба нишонии Малахов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон шарҳ навиштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *