Ситораҳо ба аскарӣ мераванд?

Хизмати модар- Ватанро адо намудан вазифаи ҳар шаҳрванд аст, вале бисёриҳо чунин андеша доранд ки танҳо бачаҳои камбағал ба аскарӣ мераванду одамони шинохта дар хонаҳояшон баҳузур по дароз карда мешинанд. Ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо ба чанд ҳунарманди машҳур муроҷиат намудем. Мехоҳед донед, ки ситораҳо ба аскарӣ мераванд ё не? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед! 

Муниси Иброҳим:

Маро кулӯлапеч карда, ба аскарӣ бурданд

Се-чор сол пеш ба ноҳияи Темурмалик ба аёдати падару модарам рафта, дар бозгашт мошини маро корманди БДА нигоҳ доштанд. Аз мошин фаромадан баробар чор ҷавонмарди низомипӯш ду дастамро ба пуштам тоб дода, маро ба мошинашон бор карданд. Ба даҳшат афтида дод задам, ки шумо кистед ва аз ман чӣ мехоҳед, яке аз  низомиён бо писханд ба ман нигариста гуфт: “Ҳофизча, хизмат кардагиӣ ё не?” Гуфтам, ки ман нав донишкадаро хатм кардам, хостам телефонамро гирифта ба шиносҳоям занг занам, вале имкон наёфтам. Ҳамин тавр маро “облава” карда ба аскарӣ бурданд. Вақте сарамро кал карданд, ба поям ларза афтид, вале хушбахтона ба қисми ҳарбии хубе афтидам. Шароит ва ҷои зисти афсарон ободу зебо буд.

-Ба фикрам ситораи эстрада гуфта аскарону афсарон шуморо рӯйи даст мебардоштанд-а?

-Аз командир сар карда, то аскари қаторӣ маро ҳурмату эҳтиром менамуданд, вале баъзе бемаданиятҳое низ буданд, ки “ҳофизча” гӯён, масхара карда ба асабам мерасиданд. Дар аскарӣ бе ин намешавад, чунки панҷ панҷа баробар нест.

-Ҳуҷҷат гирифтед ё мисли ҳазлҳои Ғарибшо-компания дар навбати шумо «воений билет» тамом шуд.

-Пас аз як соли хизмат карданам соҳиби шиносномаи ҳарбӣ гаштам ва ҷонам аз гурезо гурез халос шуд.

Наимҷони Саидалӣ:

Ҷони додарамро харидам

Ман бо ихтиёри худам ба хизмат рафтам. Бародарам Рустамҷонро дар роҳ қапида ба комисарияти ҳарбӣ бурданд, ин хабарро шунида, зуд ба камендатура рафтам ва хоҳиш кардам, ки ба ҷои додарам маро ба хизмат баранд, чунки додарам нав оиладор шуда буд. Ариза навишта хоҳиш кардам, ки ба ман танҳо ду рӯз муҳлат диҳанд, чунки ба як мухлиси ашаддиам қавл дода будам, ки тӯяшро мегузаронам. Аввал ба гапам бовар накарда, дилу бедилон додарамро ҷавоб доданд, вале чун дар рӯзи ваъдагӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафтам, ба ман аҳсан хонданд, ки бо ихтиёри худам ба хизмати модар-Ватан рафтагиям.

-Мегӯянд, ки бачаҳоро дар аскарӣ мезананд, азоб медиҳанд, ба қавле “издеватся” мекунанд. Шумо бо чашми худ чунин ҳодисаҳоро дидед?

-Ман одати дурӯғгӯӣ надорам, дар давраи хизмат карданам ягон бор надидаам, ки ягон афсар сарбози қаториро занад ё дашном диҳад.

-Муносибати ҳамхизматонатон бо шумо чӣ гуна буд?

-Боварашон намеомад, ки Наимҷони Сайдалӣ тӯйгардиро монда бо ихтиёри худаш ба аксарӣ омадааст. Маро дида дилашон ба хизмат гармтар мешуд, мегуфтанд, ки дар қатори ман қадам задан барояшон боиси ифтихор аст. Бисёр давраи хотирмон буд, агар ду-се соли дигар хизмат кун мегуфтанд, рад намекардам, чунки командири мо бисёр шахси меҳрубон ва ғамхори сарбозон буд.

Дон Жуан:

“Облава” маро бинад, 2 км мегурехт, аммо…

-Як дӯстатон гуфт, ки Дӯстмуродро пагоҳи тӯяш аз ҷогаҳи арӯсаш облава карда ба аксарӣ бурда буданд. Ин гап рост аст?

-(Механдад). Э нее! Облавачиҳо маро бинанд, 2 км мегурехтанд, ки  ин ҳаҷвнигор корамонро дида, моро дар саҳна масхара накунад. Қиссаи ба аскарӣ рафтани ман дароз аст. Шаш моҳ пас аз тӯям дар як маҳфил як одами мансабдор таъна зад, ки шумо санъаткорон мудом мушт ба сина зада дар васфи Ватан сухан мегӯеду хизмати Ватанро намекунед. Ин гап ба ман сахт расида, маро сари нангу номус овард. Рӯзи дигар ба комиссариати ҳарбӣ рафта, худам ариза навиштам, ки маро ихтиёрӣ ба хизмат баранд, чунки хизмати Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард аст.

-Мегӯянд, ки дембилҳо аскарбачаҳои нав ба хизмат омадаро маҷбур мекунанд, ки либосу лавозимоти ҳарбиашонро шӯянд, агар саркашӣ кунад, он аскари бечораро мурданивор мезананд. Ин гап асос дорад?

-Ҳамааш аз худи сарбоз вобаста аст, даҳонкандаю лапашанг бошад, албатта дигарон ба сараш зӯрӣ карда, ӯро аҳмақ мекунанд, вале хуни ҷавонмардӣ дошта далеру шуҷоъ бошад, аз рӯзи аввал худро ҳимоят карда, намегузорад, ки касе ҳуқуқҳои ӯро поймол созад.

Зафари Фурайдон,  продюссер:

Қарзамро адо намудам

Ман соли 2002 ба хизмат рафта, бо сари баланд қарзамро дар назди модар-Ватан адо намудам. Вазифаи мо ҳимояи бехатарии марзу буми кишварамон буд ва ман ин масъулиятро бо ҷону дил анҷом дода, то рутбаи капитан расидам. Ифтихор мекунам, ки замоне корманди ҳарбӣ будам ва аз он ки имрӯз дар  ин ниҳод нестам, ғамгинам.

-Дар кадом қисми низомӣ адои хизмат намудед?
-Дар дастгоҳи марказӣ хизмат мекардам, аз он ҷо маро ба Кумитаи амнияти миллӣ интиқол доданд. Дар ду давр дар кумита кор кардам.

-Таманниёти шумо ба сарбозон ва ҷавонон?
-Бубахшед, як гапам ногуфта монд. Ман дар оила яккаписар будам ва метавонистам, ки ба аскарӣ наравам, вале падарам, ки худашон корманди амният буданд, маро шавқу завқи вазифаи падар ба хизмат бурд. Таманно мекунам, ки дар соли ҷавонон бачаҳои тоҷик аз аскарӣ нагурехта, бо ихтиёри худ хизмати модар-Ватанро ба ҷо биёранд.
Қобилҷон Зарипов:

Афсарони русро бо суруди тоҷикӣ қоил мекардам

Ҳамроҳи аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” ба Данғара ба табрики сарбозон омадаму ба ёдам давраи аскарии худам расид. Ман дар ҷавонӣ як бачаи харобаки нимҷон будам. Комиссариати ҳарбӣ чор бор ба ман даъватнома фиристода бошад ҳам, бо сабаби ниҳоят кам будан вазнам маро ба аскарӣ намегирифтанд. Ҳангоми дар курси чоруми Донишкадаи санъат хондан вазнам ба 46 кило расид ва маро ба хизмат гирифта ба Русия бурданд. Дар аскарӣ ҳам дар назди афсарони рус сурудҳои тоҷикӣ хонда, онҳоро қоил мекардам. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам аз минбари баланди ҳафтаномаи  “Оила” кулли ҳомиёни Ватанро бо рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният бигӯям! Мард то ба аскарӣ наравад, марди асил намешавад! Бо сари баланд хизмати Ватанро ба ҷо оред, чунки шумо сипари Ватан ҳастед!

Аловиддин Абдуллоев:
Аз аскарӣ умеди баргаштан надоштам!

Салом, акои Аловиддин!

-Ба фикрам шӯхиҳои Аловиддинро ёд кардед-а!

-Бегуфтугӯ ҳазлҳои намакинатон табъи касро болида мегардонанд, вале ин навбат мо бо дигар масъала ба шумо занг зада истодаем. Мехоҳем донем, ки ҳаҷвнигори машҳур Аловиддин Абдуллоев аз мактаби мардонагӣ гузаштааст ё не?

-Ба аскарӣ рафтан ё нарафтани маро донистан мехоҳед?

-Қурбони аҳли фаҳм шавем! Канӣ росташро гӯед, ба модар-Ватан хизмат кардед ё дар пушти ягон бутта пинҳон шуда…

-Эй додар, дар замони мо “облава”  гуфтанӣ гап набуд, вале бачаҳо бо ихтиёри худашон, бо сари баланд ба аскарӣ мерафтанд, чунки хизмат кардан он солҳо боиси ифтихор буд.  Соли 1984 маро ба аскарӣ гирифтанд ва соли 1986 бо азоби алим ба Ватан баргаштам.

-Дар куҷо хизмат кардед?

-Шаш моҳи аввал дар қисмати Москва, ки фақат барои омӯзиш буд, хизмат кардам, баъд моро ба Украинаи ғарбӣ ба шаҳри Коломия, ки дар он ҷо хизмат кардан бисёр душвор аст, фиристоданд. Дандоншикан бошад ҳам, нангу номуси тоҷикона намегузошт, ки лаб ба шиква кушоям, чунки дар як қисми ҳарбии калон ман ягона тоҷикбача будам. Шукрона мекунам, ки бо сари баланд ба Ватан-модар хизмат карда баргаштам.

-Муносибати дигар аскарону афсарон бо шумо чӣ гуна буд? Аз “дед-ҳо шатта намехӯрдед?

-Бовар кунед, маро аз командир то салдати қаторӣ дӯст медоштанд, чунки дар чорабиниҳои фарҳангӣ баромад карда, бо ҳазлҳои намакин табъи онҳоро болида мегардонидам ва чунон ҳамаашонро механдондам, ки аз ханда қариб рӯдакан мешуданд.

-Таманниёти шумо ба кулли афсарони кишвар?

-Муборак бошад иди Артиши миллӣ, иди ватандӯстон , иди мардуми азизи кишвар!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *