Ситораи Кароматулло дар Голливуд нақш меофарад?

Ситора шабеҳи фариштаест, ки аз осмони ҳунар фуруд омадааст, то дили мо, заминиёнро бо садои муъҷизанок ва  махмалинаш моломоли ишқ бисозад. Истеъдоди худодод, овози ширадор, чеҳраи малакутӣ ва қаду қомати зебою саҳназебаш ин маликаи ҳунарро азизи дили хурду калон гардонидааст. Ҳафтаи гузашта чанд тан аз мухлисонаш ба идораи ҳафанома занг зада, Ситораи Кароматуллоро ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд. Барои гирифтани розигии худи Ситора ва огоҳ шудан аз навигариҳои ҳаёташ мо ба ин зебосанам занг задем.
 

 -Ситорабону, чеҳраи зебои шуморо қариб дар ҳама чорабиниҳои расмӣ тариқи оинаи нилгун мебинем. Ягон “тағо”-и зур доред, ки шуморо дастгирӣ мекунад?
Тағои ман истеъдоде аст, ки худованд бароям лоиқ донистааст. Сурудҳоям ба масъулин писанд меояду даъват мекунанд, то ки дар назди президенти кишвар баромад намоям.
Вақтҳои охир ба фестивалҳои байналмилалӣ низ ҳамчун намояндаи Тоҷикистон маҳз шуморо мефиристанд. Дар Амрико, Корея, Голандия ва Туркия баромад кардан на ба ҳар ҳунарманди ҷавон муяссар мегардад…
Ман мақсади шуморо аллакай фаҳмидам. Мехоҳед донед, ки Ситораи Кароматуллоро кӣ ба ин фестивалҳои баландпоя пешбарӣ менамояд. Маро ба он хотир ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ба фестивалҳои байналмиллалӣ мефиристанд, ки дар Кумитаи радио ва телевизион ба ҳайси овозхони ансамбли “Шашмақом” фаъолият менамоям. Ба Амрикову Туркияву Кареяву Олмон рафтанам боз як сирри дигар низ дорад. Вақте дар як фестивали байналхалқӣ иштирок мекунӣ, садои туро намояндагони чандин кишварҳо мешунаванд ва эҳсос мекунанд,ки дар кулборат аз матои ҳунар чӣ дорӣ. Сурудҳои бандаро шунида баъзан худи хориҷиҳо маро ба фестивал ва дигар чорабиниҳои фарҳангиашон таклиф мекунанд.

                      
Барои иштирок дар чунин чорабиниҳои баландпоя гонорари калон медодагистанд?
Медонед, гап дар маблағ не, дар обрӯ аст. Пул чирки даст аст, имрӯз ҳаст, пагоҳ нест, вале обрӯ побарҷо мемонад. Ман ба хотири баланд бардоштани обрӯи санъати таҷик дар фестивалҳои байналмилалӣ иширок мекунам, на хотири гонорар.
Чеҳраи зебои тоҷиконаи шуморо дида, мардуми хориҷа ошиқи зоратон мешудагистанд…?
Шояд! (Механдад) Ошиқ шуданашонро-ку намедонам, вале зиёд хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳашон акси хотиравӣ бигирам. Забони ҳамдигарро нафаҳмем ҳам, хориҷиҳо бо имову ишора ба ман мефаҳмонанд, ки сурудҳоям барояшон хуш омадааст.
Дар чунин лаҳзаҳо фахр мекардагистед?
-Фахр не, ифтихор мекунам. Ифтихор аз санъати бузурги тоҷик, ки метавонад ҷаҳониёнро қоил намояд.

                              
Рафту дӯстони хориҷиатон Шуморо ба Болливуд ё Голливуд таклиф карда, пешниҳод намоянд, ки дар ягон филм нақши марказиро бозед, розӣ мешавед?
лбатта розӣ мешавам! Дар кино нақш бозидан орзуи деринаи ман аст. Аз кӯдакӣ мехостам дар ягон филми машҳур нақш офарам, вале тақдир ҳаёти маро бо синамо нею бо мусиқӣ пайваст. Раваду чунин шавад, тамоми маҳоратамро ба кор бурда, як бор худро месанҷам, то фаҳмам, ки аз ман актриса мебарояд ё не. Ва албатта ба шумо ягон туҳфаи олиҷаноб меорам! (механдад)

                          
Ситорабону, дар мавриди ҳаёти шахсиатон чанд савол диҳам, намеранҷед?

-Санъаткор, ки шудӣ, ҳаёти шахсиат ҳам моли мардум мешавад. Марҳамат бипурсед!

-Дар сомонаҳои иҷтимоӣ қариб дар тамоми ҷашну маросимҳои хонаводаи Сурайё Қосимова шуморо дар бари Шабнам ё Фарзона мебинем. Баъзеҳо мегӯянд, ки шумою Шабнам холадухтар ҳастем, аммо инро аз мухлисонатон пинҳон медоред…?

                         

-Бо ин санъаткорони номдор риштаи хешу таборӣ надошта  бошем ҳам, ман Шабнаму Фарзонаро ҳамчун апаю хоҳари худам медонам. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки ба хотири машҳур буданашон бо ин оила рафту омад мекунам ва ҳамроҳашон расм гирифта, бо ҳамин восита худро таблиғ кардан мехоҳам, аммо дар асл чунни нест. Шабнамҷон ва  Фарзонаро ман ба хотири хоксор буданашон дӯст медорам.  Модарашон апаи Сурайё Қосимова меҳрубонтарин зан дар дунё аст! Вақте ки чунин одамони хуб туро ба маҳфил ва ё  маъракаашон даъват мекунанд, чӣ хел намеравӣ?!

Шунидем, ки Ситораю Зулайхо рақиб ҳастанд ва сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд…?

                             

-Ман рақиб не, мухлиси Зулайхо ҳастам ва ба ҳунараш каф мекӯбам. Аслан, нисбати ягон сароянда дар дилам эҳсоси душманию кина надорам, чунки ҳар кас ҷойи худро дорад. Ман ҳеҷ вақт мухлисони Зулайхо ё ягон сарояндаи дигарро маҷбур карда наметавонам, ки сурудҳои маро гӯш кунед ё ба консерти ман биёед…
Як мухлисатон ба идора занг зада гуфт, ки Ситораи Кароматулло дар Варзоб чанд дачаи шахсӣ дорад. Бо пули худатон се бӯстонсаро сохтед ё мухлисони сарватмандатон туҳфа карданд?

                            

-Касе, ки ин гапро гуфта бошад, каме ғалат кардааст. Эҳтимол бисёр ба самти Варзоб рафтани маро дида, гумон карда бошанд, ки дар он ҷо бӯстонсаро дорам ва дамгирӣ меравам. Дар асл ман духтари варзобӣ ҳастам ва ба Варзоб ба аёдати падару модарам меравам.

Гуфтагӣ барин, шумо бисёр бо суръати баланд мошин меронед. Кормандони БДА хӯрдагирӣ намекунанд?

-Корам зарур ва саросема бошам, сабаби аҷала карданамро мегӯям, дар дигар ҳолатҳо кӯшиш мекунам, ки мошинро тез ронда, ҳам асаби худам ва ҳам асабҳои кормандони БДА-ро хароб накунам. Бисёр вақт кормандони ГАИ маро нигоҳ дошта, барои мисли дигар ситораҳо мшинро бод барин наронданам раҳмат мегӯянд.

Ситорабону, росташро гӯед, ҳуҷҷати ронандагиро хонда гирифтед ё бо тағобозӣ?

                 

Ман ҳамеша орзу мекардам, ки ҳуҷҷати ронандагиро хонда гирам, аз ҳамин хотир касеро восита накардам. Аз устодон тарзи рондани мошинро ёд гирифта, мустақилона, бо сари баланд имтиҳонҳоро супурдам. Ифтихор мекунам, ки орзуямро бо кӯмаки дигарон нею бо қувваи худам амалӣ намудам ва имрӯз бо дили пур мошин меронам.

-Шунидем, ки як ҳамкасбатон ба шумо ошиқ шудааст ва ба наздикӣ як оилаи санъаткор ташкил карданиед…?

-Дар ҳақиқат яке аз санъаткорон ба ман изҳори муҳаббат намуда, пешниҳоди хонадоршавӣ кард, вале…

-Он сароянда кист ва чӣ гуна ҷуръат кардааст, ки ба Ситора изҳори муҳаббат намояд?

-Инаш байни ману ҳамон сароянда махфӣ монад, хубтар аст.

-Эҳсос накардед, ки ишқаш самимӣ аст ё танҳо ба хотири машҳуртар шудан домони Ситораро гирифтан мехоҳад?

           

Аз рафтораш маълум буд, ки ишқаш самимист, вале ман пешниҳоди ӯро рад кардам.

аро рад кардед? Зан дорад ё ягон монеаи дигар ҳаст?

-Ягон монеа нест, вале муҳаббат бояд дутарафа бошад.

-Дар як суҳбат қоил шуда будед, ки суруди «Нимароҳ «-ро  аз дили худам сароидаам ва ин тарона дарду доғи дили худи ман аст. Магар Ситораи дар ҳусну ҷамол беназир аз ягон кас хиёнат дидааст?

-Магар мумкин нест, ки сароянда аз дарду доғи дили худаш ақаллан як суруд эҷод намояд? Мо, санъаткорон ҳам одам ҳастем ва мисли дигарон вафою бевафоӣ ва дарду доғ бароямон бегона нест. Танҳо “Нимароҳ” не, суруди “Дарҳоро бастӣ” низ дарди дили худи ман аст ва ман инро аз касе пинҳон намедорам.

-Орзу мекунем, ки дигар ҳаргиз дарду доғро набинед ва ҳамеша муваффақу сарбаланду чеҳрахандон бошед!  

-Ман ҳам ба шумо ва кулли хонандагони “Оила” саломатӣ ва хушбахтию барор хоҳонам!

 Суҳбаторо:  Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *