Ситораи нотакрори Боливуд Митхун Чакрабортӣ

Имрӯзҳо кинои ҳиндӣ то андозае асолати хешро гум кардаву ба назар чунин мерасад.ки саҳнаҳои фаҳш ва паронпаронаш зиёд гаштааст. Баъзан дили касс ба ёди филмҳои ҳақиқии ҳиндиву ҳунармандони асили нотакрори он гум мезанад. Филми «Тансор диско»-ро албатта ҳар яки мо тамошо кардаем ин филмест,ки аз такрор дидани он шахс дилгир намешавад. Имрӯз мо дар бораи яке аз беҳтарин ҳунармандони синамои ҳинд Митхун Чакрабортӣ маълумоте пешкаши шумо мегардонем.  Митхун 16 июни с 1950 дар Калкутаи Ҳиндустон дар оилаи корманди ширкати телефонӣ чашм  ба олами ҳастӣ кушодааст.Таълими аввалияро дар колледжи Шотландии назди колесо дар Колкута гирифтааст. С 1960 Митхун ба ҳаракати деҳқонӣ радикалӣ ҳамроҳ мешавад.  Ҳаракати мазкури наксалистон бар зидди ришвахории табақаҳои  ҳукмрон ва беадолатии иҷтимоӣ равона карда шуда буд. Ин ҳаракат аз тарафи ҳукумат зуд пахш карда шуд ва бисёре аз дӯстону шиносони Митхун ба зиндон андохташудаву бархе ҳукми қатл гирифтанд. Волидайн ба хотири аз таъкиби додгоҳ раҳонидани писарашон вайро с 1971 ба Бомбей ба назди амакаш мефиристанд.

Дар Бомбей ба Митхун муясар гашт,ки ба як ширкати косметалогӣ ба кор дарояд. Вай қариб як сол дар ин ширкат кор карда ба ҳар минтақаҳо сафар мекард ва маҳсулоти косметикиро тарғиб намуда мефурӯхт. Боре дар шаҳри Пума чашмаш ба эълони қабули донишҷӯён ба факултаи актёрии Донишкадаи кино меафтад ва Митхун ба хотири бароварда кардани орзуи деринааш ба онҷо ҳуҷат месупорад. Дар аввал вайро бо дарназардошти аз «табақаи паст» буданаш ба донишкада қабул кардан нахостанд. Вале Митхун тавонист ба туфайли истеъдоди нотакрори хеш, каду қомати расо,чеҳраи зебо ва маҳорати худододи ҳунарпешагиаш имтиҳонҳои қабулро ба хубӣ супорад ва ин Донишкадаро бо баҳои хубу медали тилло хатм кунад.

 

Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ Митхун дар филми «Ду ношинос» («Два незнакомца» нақшофарӣ кардааст.  Ҳамроҳи вай дар як майдони филмбардорӣ чунин ҳунармандони машҳур ба мисли Амитабх Бачан ва Редха нақш меофариданд. Аммо новобаста аз он,ки филм хуб баромаду маблағи зиёде ба даст овард ҳунарманди ҷавон аз мадди назарҳо дур монд. Баъдан Митхун дар филми режиссёри машҳур Мринал Сен « Шикори шоҳона» (Королевская охота) нақши фоҷиавиро бозидааст. Вай барои ба хуби офаридани нақши  ҷавони шикорчии  хушбовару одии қабилаи Сантал чанд муддат расму оини ин қабиларо меомӯзад ва ҳатто бо мардҳои қабила ба шикор меравад.

«Шикори шоҳона» с 1976 пешниҳоди тамошобинон гардид ва дар қаламрави ҷумҳурӣ ба муввафақияти бузург ноил гашт.  Филм ҷоизаи « «Золотой лотос» ро сазовор  гардида, ба Митхун ҷоиза Барои беҳтарин нақши мард супориданд.

 Ба ҳаммаи ин муваффақияти «Шикори шоҳона» нигоҳ нокарда, муддати зиёд ягон режиссер ин ҳунарманди ҷавонро ба филми хеш даъват намекард. Ҳамин тавр дар с 1977 танҳо як филм бо иштироки Митхун ба навор гирифта шудаасту тамом. Вай мекӯшид ҳар гунае,ки набошад вазъиятро беҳтар намояд дар пайи ҳамин кӯшиш вай ба нақшофарӣ дар яқ қатор филмҳои тамоман ноаён ризоят медиҳад.

Дар с 1980 Митхун Чакраборти дар зиёда аз даҳ филм нақш офаридааст. Дар охирҳои с 1970 –ум дар тамоми олам суруду мусиқӣ бо равияи диско машҳур гашт. С 1982 ба филми режисёри машҳур Субшах  «Тансор диско» пешкаши тамошобинон карда шуд, ки ба Митхун маъруфияти беандоза овард. Дар ҳамон сол Митхун ба сегонаи беҳтарин ҳунармандони филмбардории ҳинд дохил карда шуд. Як муддат ҳатто аз ҳама гаронарзиштарин ҳунарманди синамои ҳинд низ буд.

Дар солҳои навадум Митхун бештар дар филмҳо нақшҳои манфӣ меофаридаги шуд. С 1995 Митхун барои нақофариниаш дар филми «Палач» (Ҷаллод) созовори ҷоизаи маҷаллаи Filmfare номзадии «Беҳтарин нақши манфӣ» гашт.

Январи с 2005 пас аз ба намоиш гузошташудани филми «Elan» Чакрабортӣ  нақши терористи байналхалқӣ Боб Сикандарро бозидааст вай дар яке аз мусоҳибаҳояш барои дар офаридани нақшҳои манфӣ аз мухлисонаш узр мепурсад,

Митхун аввал бо маникеншитса Хелена Лоӣк оила бунёд намуда буд вале чун он замон вазъияти иқтисодии ҳунарманд хуб набуд натавонист талаботи зиёди ҳамсари пурнозашро барорад бо ӯ ҷудо шуда ҳунарпешаи зебои ҳинд Йогита Балиро ба зани мегирад. Аз ин ҳамсараш Митхун соҳиби 3 писар мешавад вале чун худованд ба онҳо духтар намедиҳад онҳо духтаракеро ба фарзанди мегиранд. Писари калониаш Мимох Чакрабортӣ низ ба мисли падар ҳунарманди синамо аст.С 2008 дар филми Ҷимми нақш офарида машҳур гаштааст.

Ҳамсари Митхун пас аз тӯй дигар дар ягон филм нақш наофаридааст,зеро митхун намехост,ки вай касбашро идома диҳад ва ҳатто ба Йогита Бали иҷоза намедиҳад,ки аз ороиши касметикӣ истифода барад. Дар байни мардум овозаҳое буд,ки байни  Митхун Шри Деви муносибатҳои оҳиқона ҳаст. Вале Ҳунарманд инро ҳамеша рад карда мегуфт,ки танҳо ҳамсари худашро дӯст медораду ҳеҷ вақт аз ӯ ҷудо намешавад.

   

Ба ҷуз касби актюрӣ Чакрабортӣ инчунин як соҳибкорӣ бузургу мувафақ низ мебошад. Митхун баръакси Амитабх бойбачаи нозпарвар набуда ҳаммаи он чизеро,ки имрӯз дорад бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *