Ҳалокати як нафар дар пайи сӯхтор

Дар шаҳри Чимканди Қазоқистон бар асари сӯхтор дар анбори нафт як нафар ба ҳалокат расида, сӯхтани даҳҳо тонна бензини АИ-92 бахши бештари анборро таҳти хатар гузоштааст.
Ба гузориши Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, сӯхтор дар анбори ширкати “Петро-Казахстан Ойл Продактз» рӯзи 23 июн наздикиҳои соати ҳашти субҳ сар задааст.

Сухангӯи бахши ин вазорат дар вилояти ҷанубии Қазоқистон, Зарифа Турлибекова мегӯяд, 200 нафар дар хомӯш кардани сӯхтор ширкат меварзанд ва аммо то ин лаҳза муваффақ нагаштаанд. Вай афзуд, ба ҷойи воқеа қатори махсус фиристода шудааст.

“Дар ҷойи воқеа аз ҷароҳатҳои вазнин як корманди 46-солаи ширкати “Петро-Казахстан Ойл Продактз» ба ҳалокат расид,» — гуфт Зарифа Турлибекова. Ба огаҳии ӯ, сӯхтор дар махзани бензини тамғаи АИ-92 сар зада, дар ҳоли ҳозир хатари паҳн шудани оташ ба махзанҳои дигар мавҷуд аст ва ҳамзамон сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *