Сиёҳпӯсте, ки аз гуруснагӣ чемпиони UFC шуд

Таърихи UFC ба мисли ӯ ҷавонтарин чемпион байни сангинвазнонро шояд ёд надорад. Ҷанговаре, ки ҳатто мағлубият аз ӯ ҳарос дорад ва дар 10 соли охир касе ба ӯ баробар шуда намевонад. Ӯ кист? Албатта Ҷон Ҷонс.

Зиндагии сахтар зи марг 

Ҷон Дуайт Донс 19-уми июли соли 1987 дар шаҳри Рочестери Ню-Йорки Амрико таваллуд шудааст. Падараш Артур Ҷонс дар Калисо хизмат мекард ва ба назифкори машғул буд. Модараш Камила дар яке аз беморхонаҳои Рочестер ҳамшира шуда кор мекард.

Падару модари варзишгар чор фарзандашонро дар доираи қонунҳои калисоӣ тарбия мекарданд ва кӯшиш менамуданд, ки фарзандонашон ҳамчун диндор ба воя расанд. Зиндагии душвори оилавӣ хоҳарбузурги Ҷон Корменро маҷбур сохт, то барои таъмини оила дунболи донишгоҳро раҳо намуда, кор кунад ва ба падару модараш барои таъмини оила кӯмак намояд.

Ба бахти бади Ҷони, бародаронаш Артури хурди ва Чандлер таъмингари асосии оила яъне, хоҳарбузургашон дар синни 18 — солагӣ аз бемории саратони сар вафот мекунад ва зиндагии баъди ин оила сангинтар  мешавад.

Дар хурдӣ аз сабаби сиёҳпӯст будани оилаи Ҷон онҳо ба хусумати нажодпарастони сафедпӯст гирифтор мешуданд. Ин ҳолат ба дигар шудани шахсияти Ҷони хурдсол бетаъсир намемонд. Ӯ аз хурдӣ кӯшиш мекард, то дар оянда ба нафари муваффақ табдил ёбад ва бо ин роҳ аз нажодпарастон интиқом гирад. 

Аз сабаби он ки оилаи Ҷон хело камбизоату нодор буданд ва наметавонистанд барои фарзандонашон карераи хубу арзанда бисозанд ба ҳамин хотир ягона роҳи муваффақ шуданро Ҷон дар варзишгари бомаҳорат шудан медид.

Дар зербинои Калисое, ки падари Ҷон кор мекард, якчанд асбобҳои куҳнаву зангзадаи варзишӣ мехобид. Нобиғаи ояндаи UFC ин маконро барои худ тамрингоҳ қарор дода, шабу рӯз ба варзиш машғул мешуд. Ҳангоми дар синфи ҳафтум таҳсил намуданаш бо роҳнамоии дӯсти падараш дар толори варзишии “Юнион-Эндикот” ба гуштини тарзи “Юнону-Рим”-и машғул мешавад. Соли 2004 дар Чемпионати” JUCO” аз ин намуди гуштин сазовори ҷои аввал мегардад ва ин нахустин муваффақияти Ҷонии наврас ба ҳисоб мерафт.

ШОҲИ UFC  

Рӯзи бузург низ фаро расид Ҷон бо ҷанговари сарсахту пурқувват Андре Гусма вориди ҳашткунҷа мегардад. Рақобат тезутунд давом мекард, рақибон ба сару ҳамдигар бераҳмона зарба мезаданд, зарбаҳои Ҷони бехато ба ҳадаф мехӯрд, аммо рақиб низ таслим намешуд.

Билохир вақти ҷудогардида ҳам ба итмом расид. Акнун ҳамагон хулосаи доварро интизор буданд, нохост номи ғолиб эълон гардид Ҷони Ҷонсоооон. Ин рӯз таърихи 9-уми августи соли 2008 буд, ки барои Ҷон рӯзи “Тилло”-и ба ҳисоб мерафт.

Дар рақобати оянда Ҷонро ду рақиби хавфнок Стефана Боннара ва Джейка Брайена интизор буд. Ин рақобат соли 2009 баргузор гардид ва ӯ тавонист ҳар ду рақибро таслими бозувони худ гардонад. Баъд аз 9 рақобати бебохт билохир рӯзи шум низ фаро расид, дар таърихи рӯзи 5-уми декабр Ҷон бо Мэтт Хэмил андар майдони рақобат шуд. Бартарии комил насиби Ҷони бомаҳорат буд, вале нохост ба ҷои мамнуи рақиб зарба зад ва доварон мусобиқаро манъ карда ғолибиятро ба Мэтт доданд.

Ин нахустин бохти варзишгар дар фаъолияти варзишиаш буда, дигар ҳама дидорҳоро бо ғолибият анҷом додааст. Ҷон дар карйераи варзишии худ 27 мусобиқӣ дошта, аз ин миқдор як бохт як мусови ва 25 бурд дорад. Варзишгари номбурда аз 25 ғолибияти хеш 10 рақибро бо накаути техникӣ, 6 нафарро бо тарзи таслимкунӣ ва 9 нафарро тибқи хулосаи доварон мағлуб намудааст.

Падари хуб

Ӯ бо ҳамсари хубу меҳрубонаш Джесси Мозес ҳанӯз дар Эндикотти таҳсил намуданаш шинос шуда буд. Ҳосили зиндагии онҳо се гулдухтари зебо бо номҳои Леа, Джесси ва Джона ба ҳисоб мераванд.

Ҷон аксар вақт кӯшиш мекунад, ки вақти зиёди хешро бо фарзандонаш гузаронад ва дар саҳифаи “инстаграмаш” аз ҳама зиёд расми духтаронашро дидан мумкин, ки ин амал аз падари хубу меҳрубон буданаш дарак медиҳад.

Беҳтарин дастовардҳо

2008 — Чемпиони USKBA байни сангинвазнон

2013 – унвони  «Беҳтарин ҷанговари сол» дар рақобат муқобили Александр Густафссон

2016 – Чемпиони муваққатии UFC  байни сангинвазнҳо

2017 — Чемпиони UFC дар ду вазн (сабук ва вазнин)

Яҳё Маҳмаднабиев

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *