Сиёсатшиносе, ки ситораи санъат шуд
Ҷамила ҳастам, ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Душанбе. Ростӣ, ман дар оилаи зиёӣ ба воя расида, мактаби русиро хатм кардаам ва бештар сурудҳои сарояндаҳои Ғарб ва русро гӯш мекунам, вале таронаи “Нозанинам”-и Мубориз Усмоновро шунида, мухлиси садои дилфиреби ин ҷавони хушқаду қомат ва булбуловоз гаштам. Ба иззати нафси дигар ҳунармандони тоҷик расиданӣ нестам, вале Мубориз бо услуби сарояндагӣ, тарзи либоспӯшӣ ва одоби баландаш аз тамоми сарояндаҳои тоҷик фарқ карда меистад. Бисёр мехоҳам дар бораи ин ҷавони ҳунарманд бештар маълумот бигирам, зеро то ҷое, ки ман медонам, пештар Мубориз Усмонов ровии радио буд. Мегуфтед, ки чӣ тавр як журналист тавонистааст аз ҳунармандони касбӣ пеш гузашта, дар ҷодаи санъат ин қадар муваффақ гардад?…
ҶАМИЛА, сокини шаҳри Душанбе
Хоҳари азиз, Ҷамилабону! Дар ҳақиқат Мубориз Усмонов як услуби ба худаш хоси сарояндагӣ дорад, ки дар ҷодаи санъати эстрадии тоҷик падидаи нав аст. Ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар аз зумраи он сарояндагони ангуштшуморест, ки ҳамагӣ бо 2-3 суруд исмашон вирди забони хурду калон мегардад. Мубориз бо таронаҳои дилнавозаш дар як муддати кӯтоҳ дар дили ҳазорон-ҳазор ҷавонон маъво гирифт, ки ин худ далели дар пайроҳаи санъат шахси тасодуфӣ набудани ӯст. Шумо мепурсед, ки чӣ тавр як журналист тавонистааст дар дунёи пур аз рақобат ва пуртаззоди ҳунар ин қадар муваффақ гардад, вале аз ҳама аҷибаш он аст, ки Мубориз Усмонов дар асл на сароянда, на журналист, балки сиёсатшинос аст! Ҳайрон шудед? Пас, мутавваҷеҳ бошед, мо дар бораи сарнавишти ин ҳунарманди маъруф бароятон каме ҳикоят мекунем.
Шоумен, актёр, сароянда ва бизнесмен
Мубориз Усмонов на танҳо ровӣ ва сароянда, балки ҳамзамон шоумен, актёр ва бизнесмен низ ҳаст. Ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар 19-уми июни соли 1993 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст, вале кӯдакию наврасиаш дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд гузаштааст. Мубориз дар оилаи зиёӣ ба камол расида, падараш Бахтиёр Усмонов агроному модараш Фароғат Ҳоҷиматова муаллимаи забони русӣ аст. Мубориз дар оила фарзанди калонӣ буда, як бародар ва як хоҳар дорад, ки Бахтовар ва Меҳрубон ном доранд.
Думболи орзуҳо
Мубориз аз овони кӯдакӣ ба суруду мусиқӣ дил баста, дар мактаби мусиқӣ дар бахши фортепианно таҳсил мекард, вале баъди хатми ин даргоҳи ҳунар ба пойтахт омада, бо дониши худаш, бидуни тағобозию амакбозӣ бо сари баланд ба факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳамин тавр ин ҷавони ташнаи илму ҳунар аз оғӯши гарму пурмеҳри оила канда шуда, тамоман ба муҳити дигар меафтад, вале…
Албатта барои як бачаи ҷавони аз музофот омада дар шаҳри калон яккаву танҳо зистан саҳлу осон набуд, аммо маҳз ранҷу азобҳои солҳои донишҷӯйӣ кашидааш Муборизро дар курраи пуроташи ҳаёт мисли пӯлод гудохта, ба як инсони қавиирода, пуртоқат ва муборизе табдил доданд, ки аз душвориҳо натарсида, барои расидан ба қуллаи муроди худ ҳамеша талош меварзад. Ин хислат то ба имрӯз дар хуну пӯсти Мубориз боқӣ мондааст ва бо тамоми ҳастӣ барои амалӣ намудани орзуву омол ва нақшаву ниятҳои наҷиби худ мубориза мебарад.
Сиёсатшиноси сиёсатгурез
Мубориз факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо баҳои хубу аъло хатм карда бошад ҳам, ҳанӯз вақти гирифтани диплом хуб медонист, ки ҳаргиз сиёсатшинос нахоҳад шуд. Албатта чанд сол нозукиҳои ин касбро омӯхта, вай аллакай дар бораи сиёсат бисёр чизҳоро медонист ва дар сурати думболи ин пеша рафтан шояд ба як сиёсатшиноси муваффақ табдил меёфт, аммо дили ҳунардӯсту ҳунарпарвараш дар қафаси сина парпарзанон фарёд мезад, ки гили ту аз ҳунар сиришта шудааст, инро ҳаргиз аз ёд мабар. Мубориз ба садои дилаш гӯш дод ва хато накард…
Аз ровии оддӣ то директори радио
Мубориз думболи орзуҳои ширини кӯдакиаш рафта, ҳаёташро пурра ба ҳунар ва эҷодиёт бахшид. Сиёсатшиносони ояндаро дар донишгоҳ ба таври махсус тарбият намуда, тамоми нозукиҳои муносибат бо аҳли ҷомеаро ба онҳо меомӯзанд. Мубориз Усмонов бо шарофати таҳсил дар факултаи сиёсатшиносӣ тамоми нозукиҳоро омӯхта буд ва дар раванди эҷодиёташ ҳамин хислатҳо барояш хеле ёрӣ расониданд. Ҳамин буд, ки фаъолияти меҳнатиашро аз радиостансияи “Диёр”-и ноҳияи Ашт сар карда, дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавони хушсурат ва хушахлоқу донишманд зина ба зина боло рафт. Аз “Диёр” Муборизро ба радиои “Азия-плюс” ва баъдан ба AFM даъват намуданд. Дар ин шабакаҳои радиоӣ ба ҳайси ровӣ фаъолият намуда, вай сирру асрор ва нозукиҳои журналистикаро омӯхт ва ба мутахассиси хуб табдил ёфт. Ҳамин буд, ки соли 2017 дар синни 24-солагӣ Мубориз Усмонов директори генералии “Love Radio” таъин гашт ва баъди ду сол радиостансияи худро бо номи “Новое радио» таъсис дод…
Зинаҳои шуҳрат
Туфайли радио Мубориз мухлисони худро пайдо карда бошад ҳам, шӯҳрати ҳақиқиро ба ин ҷавони эҷодкор маҳз телевизион овардааст. Қаду қомати саҳназеб, маҳорати баланди суханварию сӯҳбатороӣ ва донишу малакаи касбиашро ба назар гирифта, Мубориз Усмоновро ба ҳайси ровӣ ба барномаи “Имшаб”-и Телевизиони Тоҷикистон даъват намуданд. Аз ин минбари баланд бо чеҳраҳои машҳур, аз ҷумла бо ситораҳои эстрада, театр, кино, варзиш, бизнес ва меҳмонони хориҷӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд, суҳбатҳои ҷолибу хотирмон ороста, худи Мубориз Усмонов низ ба ситораи телевизион табдил ёфт.
Масти ишқу масти эҷод
Ҳамин тавр доираи эҷодиёти Мубориз Усмонов торафт васеъ гашта, на танҳо ба сифати ровӣ, балки ҳамчун сароянда низ ба саҳна мебаромадагӣ шуд. Аввалҳо дар маҳфилҳо ягон-ягон суруд мехонд, вале соли 2020 бо нашри таронаи «Нозанинам» Мубориз аз худ ҳамчун як ҳунарманди касбӣ дарак дод. Ин тарона аз ҷониби мухлисон хеле гарм пазироӣ гашта, дили Мубриз Усмоновро ба санъати эстрадӣ боз ҳам гармтар кард ва ҳамин буд, ки ҳамагӣ як моҳ пас ин эҷодкори ҷавон клипи олиҷаноберо бо унвони «Узри бисёр» пешкаши ошиқони савту наво гардонд, аммо…
Дар бораи эҷодиёти Мубориз Усмонов сухан ронда, дар бораи дуэтҳои бо дигар ҳунармандон сурудааш ҳарф назадан камоли ноинсофист, зеро ин таронаҳои дуовоза шӯҳрати ӯро ба авҷи аъло расонидаанд. Махсусан дуэти Мубориз Усмонов бо Мадина Ақназарова бо унвони “Дӯст надорӣ” ҳаводорони зиёде дорад. Дуэти Мубориз ва Барон “Мастам” бошад, он қадар дилбохтагони суруду таронаро маст кард, ки ин суруд дар муддати кӯтоҳ дар YouTube миллионҳо нафар тамошо карданд.
Ҳамсадои дилҳо
Мубориз Усмонов мухлисонашро сахт дӯст медорад. Дили ӯ ва дили ҳаводоронаш мисли ақрабаки соат гӯиё бо як рабт метапад. Мубориз ҳаёти худро бидуни мухлисонаш аслан тасаввур карда наметавонад ва маҳз ба хотири шод гардонидани тамоми ҳаводорони ҳунараш соли 2021 ин ҳунарманди ҷавон дар чандин минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, баъдтар дар қалби Русияи бузургу паҳновар-шаҳри Маскав барномаҳои рангини ҳунарӣ барпо кард. Ба консертҳои Мубориз аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ ошиқони савту наво ташриф оварда, ҳамчун рамзи меҳру ихлос ин ҷавони ҳунармандро гулборон мекарданд…
Хизматҳои Мубориз Усмонов аълочии фарҳанги Тоҷикистон буда, дар чандин озмунҳо, аз ҷумла дар озмунҳои мусиқии «Новое радио», «TamoshowMusicAwаrds», «Таронаи сол» ва «Ҳамсадо» соҳиби ҷоиза гаштааст.
Шавҳари меҳрубону падари ғамхор
Мубориз Усмонов мисли аксари шахсиятҳои машҳур дар бораи ҳаёти шахсиаш гап заданро чандон дӯст намедорад, вале то ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, ин ҷавони ҳунарманд оиладор буда, падари 2 фарзанд аст. Мубориз фарзандонашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад. Эҷодиёт ва кӯдаконаш ба мисли ду боли азиме ҳастанд, ки бо ёрии онҳо Мубориз дар самои орзуҳои ширини худ баланд парвоз мекунад. Мо ба ин мурғи баландпарвози осмони ҳунар парвозҳои аз ин ҳам баландтарро орзу дорем.
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ