Кӣ чанд пул меистад? Ҷаҳиши нархи футболбозҳои тоҷик

Нархи умумии бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон 100 ҳазор евро боло рафтаст. Дар ин бора «Transfermarkt» иттилоъ додааст. Ба сегонаи гаронарзиштарин бозигарони тими мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Ятимов ворид гардидаанд.

Бар асоси иттилои ин манбаъ, аз ҳама гаронарзиштарин бозигари тими “Зубоҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе шудааст, ки нархаш ҳудуди 700 ҳазор евро ҳисоб шудааст.

Дар ҷои дуюм Зоир Ҷӯрабоев бо 500 ҳазор евро аз тими “Сурхон”-и Ӯзбекистон ва сеюм — Рустам Ятимов бо 400 ҳазор евро аз «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Ҷойи чаҳорумро ҳимоятгари “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Хононов ва ҳамлагари “Трау”-и Ҳинд Комрон Турсунов тақсим мекунанд. Онҳо 325-ҳазоревроӣ арзиш доранд.

Бозигарони дигари тими миллӣ Шаҳром Самиев аз «Ислочи»-и Белорус, Рустам Соиров аз «Левадия»-и Эстония ва Нуриддин Ҳамроқулов аз «Хатлон» 300-ҳазоревроӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Арзиши 250 ҳазор евро ба Амирбек Ҷӯрабоев аз «Юнайтед Сити»-и Филиппин ва Муҳаммадҷон Раҳимов аз «Истиқлол» нисбат дода мешавад.

Манучеҳр Сафаров аз «Локомотив»-и Тошканд 225 ҳазор евро, Шоҳрӯз Қирғизбоев аз «Хуҷанд» 200 ҳазор евро, Аҳтам Назаров ва Шервон Мабатшоев аз «Истиқлол» 175 ҳазор евро нарх доранд. Арзиши Муҳриддин Ҳасанов ва Парвиз Боқӣ-Охунов аз «Истиқлол» 150-ҳазоревроист.

Сиёвуш Асроров, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз «Истиқлол» ва Ҳамадонӣ Камолов аз «Паракуэллос»-и Испания 125 ҳазор евро нарх доранд. Дар ҷамъбасти феҳраст Табрези Давлатмир аз «Истиқлол» бо арзиши 100 ҳазор евро ҷой гирифтаст.

Таҳияи Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *