СММ: Кӯдаккушӣ дар Афғонистон идома дорад

Бино ба омори Созмони Милали Муттаҳид, талафоти мардуми мулкии Афғонистон дар соли 2016 ба сатҳи рекордӣ расид ва дар ин муддат беш аз 11 ҳазор кушта ё захмӣ шуд.

Гузориши СММ, ки рӯзи 6 феврал пахш шуд, теъдоди кушташудаҳо аз шумори мардуми мулкӣ дар низои Афғонистонро беш аз 3 ҳазор ва захмиҳоро беш аз 7 ҳазор ҳисоб кардааст. Ин рафқам дар муқоиса бо соле пеш 3 дар сад бештар аст.Аз се як ҳиссаи кушташудаҳо кӯдакон буданд.Гузориши СММ менависад, ки наздик ба 61 дар сади талафоти мардуми мулкӣ аз ҳамлаи гурӯҳҳои зиддидавлатии монанди Толибон ва гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» ба бор омад.Биноба ҳисобҳои муфаттишони СММ, Толибон наздик ба 5 ҳазор афроди мулкиро кушта ва захмӣ карданд. Гурӯҳи тундрави «Давлати Исломӣ» ки соли гузашта ҳамлаҳои интиҳориро дар Афғонистон афзоиш дод, наздик ба 900 нафарро кушта ё маҷрӯҳ кард.20 дар сади талафоти мардуми мулкиро нерӯҳои амниятии Афғонистон сабаб шудаанд. Ҳиссаи шибҳанизомиёни тарафдори ҳукумат ва нерӯҳои байналмилалӣ дар ин талафот, ду дар садӣ барои ҳар яке ҳисоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *