Дарахти «Тути калон» ҷину парӣ дорад?

  Имрӯз яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо номи “Тути калон” машҳур аст. Аз рӯи гуфтаи сокинони солхӯрдаи ин маҳалла таги Тути Калон се қабристони қадима дошта, имрӯз ба як мавзеи туристӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи пирони ин маҳалла дар  қарни XVIII сарҳади ҷанубу шарқии шаҳр маҳз аз ҳамин ҷо мегузаштааст.

Худи маҳаллаи Таги Тути Калон, аз қадим дар лаби ҷӯи Мазор, дар чорроҳаи серравуо қарор гирифта, Панҷшанберо бо  дарвозаи Чуянчӣ ва деҳоти самти ҷанубии шаҳр-Боғи Заргар, Ҷӯйи Мазор ва Ғозиён мепайваст. Ба гуфтаи пирону калонсолоне, ки солҳои зиёд дар ин маҳалла истиқомат карда истодаанд дарахти тути калон таърихи беш аз 1300 сола дорад, вале дар бораи пайдоиши он ягон ақидаи дақиқ мавҷуд нест. Аммо байни сокинони маҳаллаи мазкур буданд нафароне, ки ҷонибдори бурридани дарахти тути калонанд.

Ба гуфтаи Солеҳхӯҷа, сокини  маҳаллаи мазкур  ҳамасола  барои дидани ин дарахти азими таърихи аз гӯшаву канори мамлакат  меҳмонон омада дар бораи он маълумот мегиранд.

Аслан ин дарахт дарахти оддӣ набуда, сирру асрори зиёд дорад. Зеро чанд сол пеш як истиқоматкунандаи маҳалла барои кирмакҳои худ  баргҳои ҳамин дарахтро гирифта ба кирмакҳояш дод, аммо  пас аз як руз ҳамаи кирмакҳо нобуд гардиданд. Ба ин монанд  ҳодисаҳо бисёранд. Аз ҳамин сабаб ҳоло касе шох ва ё баргҳои ин дарахтро намебурад ва ё нимегирад. Танҳо як маҳҳалаамон як марди ҷиндоре ҳаст, ки ба ин кор даст мезанад ва шохҳои дарахтро танзим мекунад. Дигар сокинон аз буридани шохҳои ин дарахт дар ҳаросанд.

Идомаи мавзӯъ ва фикри сокинони маҳал оид ба бурридан ё боқӣ мондани дарахти Тути калонро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *