СММ Русияро гунаҳгор ҳисобид

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи пешниҳодкардаи Украинаро ба тасвиб расонд, ки нақзи ҳуқуқи башар дар қаламрави Қримро маҳкум мекунад.

64 кишвар ба ҷонибдорӣ аз ин қатънома, 20 кишвар мухолиф ва 93 кишвар бетараф овоз доданд, менависад ТАСС.

Тавре дар ин санад омадааст, Русия дар нақзи ҳуқуқи башар дар Қрим, аз ҷумла тоторҳои Қрим ва украинҳо гунаҳкор аст. Украина ҳамасола ба Маҷмаи умумии СММ қатънома дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Қрим пешниҳод мекунад. Аммо  қабули ин санад боиси ягон амали мушаххаси созмони ҷаҳонӣ нахоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *