Соҳиби се маълумоти олӣ, профессор, собиқ раиси “Тоҷиксодиротбонк” 57-сола шуд

Имрӯз, 15 март Тоҷиддин Пирзода, собиқ раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки ахиран ин бонк муфлис ва аз ҷониби Бонки миллӣ фаъолияташ қатъ карда шуд, зодрӯз дорад. Ӯ 57 –сола шуд. Номбурда 15 –уми марти соли 1965 дар деҳаи Кули Сӯфиёни ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаб солҳои 1983—1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хизмат кардааст. Соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуда,  солҳои 1991—1993 дар аспирантураи рӯзонаи Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав таҳсил намудааст. Мавзӯи таҳқиқоти Тоҷиддин Пиров омӯзиши технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот мебошад. Соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докториро дар Академияи ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав ҳимоя намудааст.

Ӯ ғоибона факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Молия ва қарз» ва факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро хатм намудааст. Аз соли 2003 инҷониб ҳамчун профессори ҳамкор дар кафедраи технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  фаъолият менамояд.

Тоҷиддин Пирзода муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии  Тоҷикистон дар Белорус кор кардааст. Тоҷиддин Пирзода доктори илми кишоварзӣ, профессор мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *