Ҳукумат ба «Тоҷиксодиротбонк»- у «Агроинвестбонк» 3 миллиард ҷудо кард

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон 13-уми декабр фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба анҷом расид.

Дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи бонкҳои тиҷории кишвар беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард барои «Тоҷиксодиротбонк», як миллиард барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ шудааст.

Талоши беҳбуди вазъи молиявии бонкҳо дар ҳолест, ки Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” баргашт. Бонки миллӣ 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубов таъин карда буд, ки то ҳол фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *