Соҳибкорони Бадахшон огоҳӣ  гирифтанд

21-уми ноябр аз ҷониби кормандони мақомот таблоҳои кӯчаю бозорҳои шаҳри Хоруғ санҷида шуд. Ба онҳое, ки қонуни забони давлатиро нақз кардаанд, огоҳӣ дода шудааст. Санҷишро гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳр ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ гузаронидаанд.

Ин санҷиш аз бозори марказӣ то бозори 20-солагии Истиқлоли шаҳри Хоруғ гузаронида шудааст.

“Дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ аз навиштаҷоти шиору овезаҳо ва номгузории мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дигар марказҳои хидматрасонии маишӣ маълум гардид, ки бархеи онҳо ба талабот ва муқаррароти Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқат намекунанд”,- менависад рӯзномаи ҳукумати шаҳри Хоруғ.

Санҷишҳои гурӯҳи корӣ барои риоя кардани қонуни мазкур идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *