Соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон 30 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Дар доираи сафари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ва форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон 30 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар форум намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва доираи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 соҳибкор ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолият байни ду давлат иштирок намуданд.
Форуми соҳибкорӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Жумангарин Серик оғоз гардидааст.
Зимни форум ҷонибҳо барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сармоягузории ҷониби Қазоқистон ба мувофиқа расида, шартномаҳои дарозмуддат ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи баргузории форуми мазкур — пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҳар ду давлат маҳсуб мешавад.
Таъкид мешавад, дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳар ду ҷониб доир гардид.
«Аз натиҷаи вохӯриҳо байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар зиёда за 30 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 1,8 млрд. доллар оид ба бунёди корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида шуданд», — иттилоъ додааст Кумитаи сармоягузорӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ