Интернети зиёдтар бо ҳамон як нарх

Трафики интернет дар ду тарофаи маъруфи силсилаи “Дар тамос” то 25 гигабайт зиёд карда шуд. Ба муносибати Рӯзи алоқа, оператори имкониятҳои нави рақамӣ иқдомро барои истифодабарандагони бастаҳои «#БоОсонӣ+» ва «#ЗангБизан» роҳандозӣ намудааст.  Пардохти абонентӣ бетағйир боқӣ мемонад.       

Дар давоми муҳлати иқдом тарофаи «#БоОсонӣ+» 25 Гб трафики интернетро дар бар мегирад. Дар аввал ба он 2 Гб дохил буд.      

Инчунин, дар тарофаи #ЗангБизан ҳаҷми интернет то 25 ГБ зиёд карда шудааст. Он барои дӯстдорони зангҳои овозӣ пешбинӣ шуда, қаблан дорои 3 ГБ буд.   

Трафики зиёдкардашуда дарҳол баъд аз пайвасткунии яке аз ин бастаҳо дастрас мегардад. Агар муштарӣ аллакай тарофаи дар иқдом пешбинишударо пайваст карда бошад, 25 ГБ дар оғози давраи нав бо гирифтани пардохти абонентии стандартӣ фаъол карда мешавад.    

Трафики зиёди «асосӣ» — ягона сабабе нест, ки тарофаҳои “Дар тамос” диққати истифодабарандагони интернетро ҷалб месозанд. Аксари бастаҳо дорои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои бемаҳдуд мебошанд ва панҷтои онҳо обунаро ба онлайн-кинотеатри  IVI низ дар бар мегиранд.

«Силсилаи «Дар тамос» аз ҳашт тарофа иборат аст, ки дар байни онҳо ҳар як муштарӣ намуди мувофиқи эҳтиёҷоти худро пайдо мекунад. Аммо, бо мурури замон хостаҳои сокинони Тоҷикистон тағйир меёбанд ва мо низ ин омилро ба инобат мегирем. Ҳоло муошират бо дӯстон, ҷустуҷӯи маълумот ва мубодилаи файлҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Ин маънои омезиши бемаҳдуд ба паёмрасонҳо бо афзоиши трафики дигар захираҳо истифодаи интернети мобилиро номаҳдуд мекунад»,- мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *