Соҳибмулки маркази дилхушии «Дӯстӣ» ҳабс шуд
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки нисбати соҳибмулки маркази дилхушии «Дӯстӣ» ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.
— Шаҳрванд Баҳриддинзода Абдуҷаббор Баҳриддин, санаи таваллудаш 07.08.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, соҳибмулки маркази дилхушии «Дӯстӣ» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино, новобаста аз он ки барои иҷрои реҷаи корӣ расман огоҳонида шуда буд, берун аз соати муқарраргашта реҷаи кориро вайрон намуда, ба хизматрасонӣ машғул шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Баҳриддинзода Абдуҷаббор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Манбаъ ҳамзамон зикр мекунад, ки ҷиҳати пешгирии вайрон намудани реҷаи корӣ аз ҷониби соҳибмулкону маъмурони марказҳои дилхушӣ, ки боиси халалдор гаштани осоиштаҳолию оромии шаҳрвандон мегардад, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ