Миллионери абадан маҳкумшуда вафот кард (аудио)

Мултимиллионери амрикоӣ Роберт Дёрст, ки тирамоҳи соли 2021 барои куштор ҳукми абад гирифта буд, вафот кард. Ӯ дар синни 78-солагӣ дар бемористоне дар Стоктони Калифорния даргузашт. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times бо истинод ба маълумоти адвокат Чип Люис хабар медиҳад.

— Дёрст субҳи барвақт даргузашт… Мо дарк мекунем, ки марги ӯ бо сабабҳои табиии марбут ба як қатор мушкилоти тиббӣ буд, ки мо дар давоми ду соли охир борҳо дар додгоҳ гуфта будем,- иқтибос меорад нашрия суханони адвокатро.

The New York Times зикр мекунад, ки сабаби фавти маҳкумшудаи доро аз кор мондани дил будааст.

Миллионер Дёрст соли 2015 ҳабс шуд. Сабаб он буд, ки ҳангоми наворбардории филми мустанад дар бораи худ, ӯ ғайриинтизор ба як силсила кушторҳо иқрор шуд. Моҳи сентябри соли 2021 ӯ дар як куштор гунаҳкор дониста шуд, зеро тафтишот натавонистааст даст доштани магнатро дар ҷиноятҳои боқимонда исбот кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *