Гуруҳи кории вазорат фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустиро санҷид

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гуруҳи кории вазорат шаби 9-уми январи соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ташриф аз ҷумла ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ва инчунин ба марказҳои саломатии шаҳрии №1, 2, 7 ва 15 сурат гирифтааст.

— Дар ҷараёни боздиди хеш гуруҳи кории вазорат бо фаъолияти шуъбаҳои муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз гаштҳои масъулини вазорат — ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани васли зимистон, вохӯрӣ бо беморон ва дигар масъалаҳо мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *