Ба истифода додани иншооти соҳаи тандурустӣ дар Исфара

Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо иштироки раиси вилояти Суғд утоқи рентгени рақамӣ ва бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, утоқи рентгени рақамӣ бо дастгирии вазорати мазкур бо маблағи қариб 2 миллион сомонӣ ҷиҳозонида шуда, барои сокинони ин минтақа имкон фароҳам меорад, ки дар ҳамин ҷамоат аз ташхис гузаранд.

Бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, дорои ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

— Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо табибону сокинон зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки ин соҳа чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаҷми маблағгузории соҳа марҳила ба марҳила зиёд гардида, ҳамасола садҳо иншооти замонавии тиббӣ бунёд мешаванд,- меафзояд мапнбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *