Соҳибкори тоҷик чемпиони Амрико шуд (Видео)
Якшанбеи гузашта аз ахбори телевизион мужда расид, ки варзишгари ҷавони тоҷик Ҷовидон Сорбон дар як мусобиқаи байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи ИМА ҳарифи бразилиягиашро мағлуб сохта, унвони чемпионии ин кишвари орзуҳо сарфароз гардидааст. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ва қиблагоҳаш — Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва наздикону мухлисон таҳти мусиқии миллӣ ботантана пешвоз гирифтанд. Хеле хушам омад, ки устод Сорбон ҷигарбандашро ба оғӯш гирифта, изҳори хурсандӣ намуд, ки ӯ дастоварди варзишии Ҷовидонро аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинад. Афзалшо Шодиев бошад, аз ҳама беш қаноатманд буду ӯро падарвор истиқбол намуд ва фарзанди худ хонд. Ин иддаои сарояндаи шинохтаю маҳбуб воқеан ҷой доштааст.
Чӣ тавру чаро? Тафсилоти ину рақобати муфассали Ҷовидонро дар саҳнаи варзиши Амрико зимни суҳбаташ бо хабарнигор дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ