Соҳибкорон барои дарёфти қарзи Ӯзбекистон шитоб намекунанд. Чаро?

Аз ҷумлаи 43 миллион доллари қарзи имтиёзноки Ӯзбекистон, ки барои соҳибкорони тоҷик пешниҳод шудааст, танҳо 500 ҳазор доллар истифода шудааст.

Аз ҷумлаи 43 миллион доллари қарзи имтиёзноки Ӯзбекистон, ки барои соҳибкорони тоҷик пешниҳод шудааст, то ҳол танҳо 500 ҳазор доллар истифода шудааст.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» рӯзи 23 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, шояд далели бетаваҷҷӯҳии соҳибкорони тоҷик ба ин қарз шарти харидории маҳсулоти Ӯзбекистон бо ин маблағ бошад.

Зимнан,  давлати Ӯзбекистон баъди сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли гузашта ба се бонки ин кишвар – «Ориёнбонк», «Эсхата» ва «Амонатбонк» барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ 100 млн доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз ҷудо кард.

Икромӣ гуфт, ки аз ин маблағ ба «Амонатбонк» 33 миллион доллар ҷудо шуда ва баъдан Бонки миллии Ӯзбекистон дар доираи ҳамкориҳо бо “Амонатбонк” ба ин маблағ 10 миллион доллари дигар изофа кардааст.

Ба гуфтаи вай, фоизи ин қарзҳо барои як сол то 8 дарсад ва барои то се сол 9 дарсадро ташкил медиҳад.

Қаблан ширкатҳои Тоҷикистон эълон доштанд, ки алоқаманд ҳастанд аз Ӯзбекистон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ворид созанд, зеро, бо дарназардошти хароҷоти роҳкиро, қимати як тоннаи ин маводи сохтмонӣ дар муқоиса бо масолеҳи сохтмонӣ аз Қазоқистону Русия то 90 доллар арзонтар мешавад.

Вале ин гуна ширкатҳо ангуштшумор буда, бештари соҳибкорони тоҷик барои дарёфти қарзҳои Ӯзбекистон ба хотири ворид кардани молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон шитоб намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *